(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бахшида ба Рӯзи Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар МТМУ №27 бо ҷалби хонандагони МТМУ№3 чорабинии муштарак таҳти унвони «Замири Рӯдакӣ кони сухан буд» баргузор гардид.

Нахуст аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ашъори Маликушшуаро шеъру ғазал ва пандҳо қироат карда шуданд.

Маърӯзаи пурмуҳтаво доир ба рӯзгор ва ашъори шоир ироа гардид. Таъкид шуд, ки таърихи ҳазору садсолаи адабиёти навини тоҷик, ки давоми бевоситаи адабиёти қадими он аст, бо номи асосгузори он устод Рӯдакӣ вобаста мебошад. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихории қофиласолори назми форс, соҳибкирони шоирӣ, устоди шоирон, султони шоирон ва одамушшуаро ёд мекунанд. Дар давоми ёздаҳ асри мавҷудияти адабиёти тоҷику форс анъанаҳои Рӯдакӣ ҳамеша зиндаву ҷовидон буданд. Имрӯз ҳам шӯҳрат, манзалат ва эҳтироми устод Рӯдакӣ оламгир аст. Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ на танҳо бузургтарин шоири давраи Сомониён, балки нахустин ва бузургтарин шоири Эронзамин ва падари шеъри форсӣ аст. Мақоми Рӯдакӣ дар шеъру адаби форсӣ то бад-он ҷоест, ки дигар шоирон ва бузургон бартарӣ ва баландии пойгоҳи ӯро дар шеъру шоирӣ сутуда ва вайро “султони шоирон” ва “устоди шоирони ҷаҳон” номидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати ҷолиби таваҷҷӯҳи назми Рӯдакӣ пеш аз ҳама он аст, ки дар шеъри ӯ, хоҳ сатрҳои ошиқона бошанд, хоҳ панд ва хоҳ шикояту гилагузорӣ, эҳсоси инсон суруда шудааст; ҳама ашъори шоир саршор аз андеша оиди тақдири инсон аст. Ӯ яке аз аввалин классикони шеъри форсист, ки ба тасвири инсон таваҷҷӯҳ карда, шахсияти инсонро ба адабиёт ворид кард. Ягонагии идеали ахлоқӣ ва эстетикии Рӯдакӣ, орзуи ӯ баҳри дирӯзии зебоиҳои зиндагӣ ва инсон, кору номи нек ва муҳаббат аз ҳамин иборат аст. Вақте ки шоир дар охири қасида ба шоҳ талъати тобандатар зи талъати хуршед ва неъмати поянда дархост мекунад, маҳз устуворӣ ва нотакрории ин идеалро дар назар дорад.

Саҳнаи ҷолиб бо иштироки хонандагон аз рӯзгори Маликушуаро Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ намоиш дода шуд. Сурудҳои ватандӯстона аз ашъори шоир ва рақсҳои ҷолиб табъи ҳозиринро болида намуд.

Намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Сурайё Каримова ва Кибриё Абдураҳмонова аз сатҳи баланди ташкили чорабинии муштараки макотиби №27 ва №3 бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ тавсиф намуда, аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки баҳри омӯзиши бештари ашъори шоир ҷаҳд намоянд ва панду андарзҳои Маликушшуароро дар зиндагии минбаъдии хеш ба кор баранд.

Манзура Ёрматова, сарвари МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд дар анҷоми чорабинӣ таъкид дошт, ки Рӯзи Рудакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллии мост. Осори Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ пур аз ҳикмат, пур аз таҷрибаи рӯзгор ва санъати олии шеърӣ мебошад. Омӯзиш ва таҳқиқи осори ӯ ҳазорсолаҳои дигар низ боқӣ мемонад, чунки суханаш абадӣ аст. Устод Рӯдакӣ омӯзгори бузурги ахлоқ аст. Дар шеъри ӯ ахлоқи пок, одамият, инсонпарварӣ, ақлу хирад, илму дониш ва мардиву бузургӣ талқин шудааст, ки ҳамеша инсоният ба он таваҷҷуҳ дорад. Рӯдакӣ маънии ҳаёт ва моҳияти рӯзгори инсонро дар он медонад, ки мардум умрашро ба беҳудагӣ нагузаронад, аз паи ҳунаре шавад, касеро наёзорад, нексиришту неккирдор бошад. Аз назари Рӯдакӣ ин ҷаҳон дарёест ва аз он танҳо бо киштии некӯкорӣ гузаштан мумкин аст. Бузургтарин омӯзгори инсон барои Рӯдакӣ таҷрибаи зиндагист. Ҳар кас, ки аз баду неки зиндагӣ ибрат гирифтааст, ҳама мушкилоти рӯзгорро ба осонӣ бартараф карда метавонад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд