(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Хонандаи синфи 11-и литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Мадина Абдувоҳидова дар доираи барномаи “Олимони ҷавони ҷаҳонии Йел”, ки аз тарафи беҳтарин донишгоҳи ИМА-Донишгоҳи Йел ташкил гардидааст, дар ҳузури 258 иштирокчӣ аз 110 давлати дунё баромад намуда, самтҳои сиёсат, ҳуқуқ ва иқтисодиёти Тоҷикистонро муваффақона муаррифӣ намуд.

Бояд қайд намуд, ки Мадина Абдувоҳидова баъди барандаи стипендияи барномаи лидерии “Кэмп Райзинг”-и шаҳри Ню-Йорки ИМА шуданаш, шарафи иштирок дар барномаи “Олимони ҷавони ҷаҳонии Йел”ро ба даст овард.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Мадина Абдувоҳидова хонандаи синфи 11-и литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дар таърихи 90 солаи барномаи “Олимони ҷавони Ҷаҳонии Йел” дуюмин намоянда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар соли ҷорӣ ягона иштирокчӣ дар ин чорабинии байналмилалӣ аз кишвари мо буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд