(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар маҷлисгоҳи шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар таҳти унвони “Татбиқи ҳадафҳои миллӣ – таҳкимбахши пояҳои Истиқлолияти давлатӣ” доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ оғоз гардид. Номбурда таъкид дошт, ки ба шарофати амалӣ шудани се ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷумҳурии мо тавонист иқтидори истеҳсолии худро афзун ва сатҳи иҷтимоиёти сокинонро боло бардорад. Бояд гуфт, ки ҷавҳари асосии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро низ иҷроиши ин ҳадафҳо дар бар мегирад. Ва вазифаи ҳизбиён он аст, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро дар мисоли иҷроиши ин ҳадафҳо то ба мардум бурда расонанд.

Аминҷон Шарифзода, муовини Раиси КИВ ҲХДТ зимни баромади худ зиндагии шоистаи мардумро аз татбиқи амалии ин ҳадафҳо дониста, зимнан баён дошт, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷузъ аз таъмини сулҳу субот пешорӯи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таҳкими давлатдорӣ меистод ва иқдоми халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амали саривақтӣ ва аз дурандешиашон дарак дод.

Рашид Қобилов, корманди шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “НБО Роғун – иншооти бузурги аср”, Ҳоҷарой Латифӣ, сардори муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои вилоят зери унвони “Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтани кишвар”, Отабек Ҳоҷиев, сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилоят дар мавзӯи “Саҳми кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ” ва Манзура Муинова, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 таҳти унвони “Мавқеи ҷавонон дар пешбурди ҷомеа” бо мисолҳои возеҳ атрофи ҳадафҳои стратегии давлат дар такя ба дастовардҳои соҳа гузориши муфассал намуданд.

Коршиносону фаъолони ҳизбӣ Мӯъминҷон Тошматов, Ҷамшед Тюраев, Султон Раҳмонзода, Гулнора Наҷмиддинзода, Саидбой Зокиров, Матлуба Муинова атрофи мавзӯи мазкур пешниҳоду фикрҳои худро иброз доштанд.

Чорабиниро Наим Маликисломӣ ҷамъбаст намуда, аз ҷамъомадагон, ки аксар намояндаҳои соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд буданд, даъват ба амал оварданд, ки бо халқ наздиктар бошанд ва дар мушкиливу муаммоҳои он бештар мусоидат намоянд. Таъкид шуд, ки фарҳанги истифодабарии нерӯи барқро миёни омма талқин намудан аз вазифаи ҷонии ҳизбиён бояд бошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд