(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Тибқи нақша-чорабиниҳои бахши тарбиявии раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар толори факултети муҳандисӣ-иқтисодии донишкада ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои тундгарою ифротӣ, истеъмоли маводи нашъадор ташкил ва ғайраҳо мизи мудаввар таҳти унвони «Муқовимат бар зидди зуҳуроти номатлуби аср- терроризму экстремизм» ташкил ва гузаронида шуд.

Декани факултет Мирзоҳамид Бакаев дар ин нишаст маъруза намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Тоҷикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гуруҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳои мамнуъ ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсии тафриқаандоз бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, аз мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷиву амонӣ ва хаёти ширини мардуми азияткашидаи диёрро фаромӯш месозанд. ҲНИ ҳамчун ТЭТ эътироф гардида, фаъолияташ мисоли гуфтаҳои болоист. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диккати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш на он қадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарият ва тамоми намояндагоне, ки аъзои ин ҳизб буданд, бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокашон, аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст.

Устодон Ф. Ахмедов ва А. Раупов низ дар ҷараёни мизи мудаввар баромад намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки шукрона бояд кард ба ин даврони соҳибдавлатию соҳибмулкӣ, ки сулҳ ба мо мардуми шарафманди тоҷик саодат додаааст. Миллатамонро нусрату файз бахшидааст. Ва он ҳама расвоӣ ва беобрӯӣ ки аз ҷониби ТЭТ ҲНИ барои ҳазор соли дигар ба миллату фарҳанги мо басанда аст ва аз касолату касофатзадагии тарроҳону дастандаркорони он ҷанги хонамонсӯз, ки садҳо ҳазорон ҳазор нафарро ба хун оғӯшта, бехонаву дар, бесаробону бесоҳиб, ятиму бепарастор, маъюбу маъюс, дастнигару фақир, мусофиру муҳоҷир сохт дар таърих монд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин нишастҳо дар ҳамаи факултетҳои донишкада ба роҳ монда шудаанд, то ин ки ҷавонон фирефтаи ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро нашуда, дар оянда баҳри ободӣ ва шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳмгузорӣ намоянд.

Маърифат Мавлонова,
мутахассиси шӯъбаи ВАО