(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

НАЗАРЕ БА РӮЗГОРИ БУЗУРГОНИ ХУҶАНД

Дар радифи дигар бузургони Хуҷанд шахси таърихие ҳаст, ки ўро Хоҷа Абдуллоҳи Сабзпўш мегўянд ва то имрўз аҳволу осораш маълум набуд. Дар “Маноқиб» нақле омадааст, ки онҷо муаллиф аз сафарҳои ин бузургвор ва ба сўҳбати Муҳаммад ибни Бурҳонуддин Бухороӣ, мулаққаб ба Баҳоваддини Нақшбанд (1318-1389 м.) расиданаш ҳикоят мекунад.

Шахсияти Баҳоваддини Нақшбанд ҳамчун пири комил дар замони худ мисли оҳанрабо шавқмандони роҳи тариқатро ба Қасри Орифони Бухоро ҷазб менамуд, ки дере нагузашта пайравонаш ўро ҳамчун сарҳалқаи тариқати “Нақшбандия” эътироф кардаанд. Барои таҳлилу баррасӣ мо ин нақлро мухтасаран ин ҷо меорем:

“Ва дар ҷониби Рухаки Шайх Маслаҳатдин қабри Хоҷа Абдуллоҳи Сабзпўш аст ва эшон аз кибори асҳоби Хоҷа Баҳоваддин аст. Ва фармудаанд, ки “Пеш аз ин ки ба шарафи сўҳбати ҳазрати Хоҷа, қаддаса сирраҳу-л-азиз, мушарраф шавам, маро ҷазабаи қавие расида шуд ва сафар карда ба ҷониби мазори мутабаррики Хоҷа Ҳакими Тирмизӣ рафтам.

Ва аз эшон расида, ки “Бозгард! Мақсуди ту баъд аз дувоздаҳ соли дигар аз Бухоро ҳосил хоҳад шуд ва он мавқуф ба зуҳури Хоҷа Баҳоваддин мебошад.” Хотири ман филҷумла ором гирифт ва ба ҷониби Хуҷанд муроҷиат кардам.

Рўзе аз бозор мегузаштам, ки ду туркро дидам, ки бар дари масҷид нишаста буданд, бо якдигар мегуфтанд сухани ниҳонӣ ва мегиристанд. Гўши худро фурў доштам, аз ин тариқа сухан мегуфтанд. Маро ба сўҳбати эшон майли хотир шуд. Ба эшон ниёзмандии худ арз кардам, қадре таом ва мева пеши эшон бурдам, бо ҳам хўрдем ва гуфтанд, ки “Ин одам дарвеши толиб менамояд, лоиқи он аст, ки дар хидмати султонзодаи мо – Исҳоқхоҷа ибни Исмоил-ато вайро барем”.

Чун аз эшон ин сухан шунидам, доъияи ман дар талаб бештар қувват гирифт, тафаҳҳус кардам, эшон дар Испиҷоб буданд. Ба сўҳбати эшон рафтам ва изҳори талаб кардам ва аммо аз воқеаи гузашта ҳеҷ нагуфтам. Ва чанд рўз ба хидмати эшон будам, лутфи бисёр мекарданд. Рўзе фарзанди эшон, ки ҷавоне буданд ба ғояти рушд расида, осори қабул аз носияи вай зоҳир буд, ба волиди бузургвори худ арза кард, ки: “Ин дарвеш бояд ки дар хизмати шумо бошад”. Эшон гуфтанд, ки “Ин ҷавон муриди Хоҷа Баҳоваддин аст, маро дар вай маҷоли тасарруф нест”.

Чун ин сухан аз эшон шунидам, яқини ман ба ҳазрати Хоҷа бияфзуд ва аз эшон иҷозат хостам, ба Хуҷанд бозгаштам. Мун- тазир ба зуҳури ҳазрати Хоҷа будам, то вақте, ки дар ин ҷо, яъне дар Бухоро ба шарафи сўҳбати эшон мушарраф шудам. Ва қабри Хоҷа Абдуллоҳ машҳур ба “Таҳти Тути Калон” аст”.

Аз мазмуни ин нақл маълум аст, ки Хоҷа Абдуллоҳи Сабзпўш зодаи шаҳри Хуҷанд буда, барои ҷустуҷўи пири комил сафарҳои зиёд кардааст. Сафари аввали Шайх ба мазори Хоҷа Муҳаммадалӣ Ҳакими Тирмизӣ будааст, ки ин мазор ҳоло ҳам дар соҳили рости Амударё дар ҷануби Ҷумҳурии Ўзбекистон дар наздикии шаҳри Тирмиз вуҷуд дорад.

Банда вақти сафарам ба зиёрати мазорҳои бузургон дар соли 2008-ум аз он низ дидан карда будам, вақти таъмири он буд ва бисёр макони муқаддас аст. Дар зикри Хоҷа Муҳаммадалӣ Ҳакими Тирмизӣ дар “Нафаҳот- ул-унс” чунин омадааст: “Аз табақаи сония аст. Кунияти вай Абўабдуллоҳ аст. Аз кибори машоих аст ... Ва вайро тасонифи бисёр аст ва каромоти зоҳир андар баёни ҳар китоб, чун “Хатм- ул-вилоят” ва “Китоб-ун-наҳҷ” ва “Наводир-ул-усул” ва ҷуз ин китобҳои дигар кардааст. Соҳиби китоби “Кашф-ул-маҳҷуб” гўяд, ки: “Вай сахт муаззам аст ба наздики ман, чунонки ҷумлагии дилам ба шикори ўст ва Шайхи ман гуфта, ки: Муҳаммад дурри ятим аст, ки дар олам ҳамто надорад”. Тасаввуфшиноси рус Кныш А. Д. замони таваллуди Ҳакими Тирми- зиро даҳаи аввали асри IIIҳ./Ixм. ва соли вафоташро бо такя ба таҳқиқоти олимони дигар 320ҳ./932м. қайд кардааст.

Сафари дувуми Шайх ба шаҳри Исфиҷоб назди Исҳоқхоҷа ибни Исмоил-ато будааст, ки он Шайх аз пирони тариқати “Яса- вия” – яке аз тариқатҳои машҳури Осиёи Миёна будааст. Сафари севуми Шайх ба шаҳри Бухоро ба Қасри Орифон247, ба назди Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд будааст, ки бо ишорати Хоҷа Муҳаммад Алӣ Ҳакими Тирмизӣ баъди 12 сол рўй додааст.

Аввалин маротиба ба номи Абдуллоҳи Сабзпўш дар мат- ни рисолаи “Қудсия”-и Хоҷа Муҳаммади Порсо, ки дар охири XIV ва ё аввали асри XV таълиф шудааст, ишорае омадааст: “Он шом, ки Абдуллоҳи Хуҷандӣ ба мо пайваст, дар охири дувоздаҳсол баъд аз воқеае, ки Хоҷа Муҳаммадалӣ Ҳакими Тирмизӣ, қаддасаллоҳу руҳаҳу, дар Тирмиз ба ў намуда буданд. Ва ў дар он воқеа фармуда, ки: “Худро ташвиш мадеҳ, ин замон вақти ончӣ металабӣ нест. Ин маънӣ дар Бухоро баъд аз дувоздаҳсол туро хоҳад ба зуҳур омадан ва ба сўҳбати он кас хоҳӣ расидан”. Ва қиссаи воқеаи худ тамом бигзорид ва изҳори талаб кард”.

Нақли марбут ба Абдуллоҳи Сабзпўш ав- валин маротиба бо шакли пурра дар “Мақомоти ҳазрати Хоҷаи Нақшбанд”-и Абулҳасан Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадалӣ, ки дар соли 1400 м. таълиф шудааст, омадааст. Дар ин мақомот номи Абдуллоҳи Сабзпўш ҳамчун Абдуллоҳи Хуҷандӣ қайд шудааст. Ҳамин нақлро Шайх Муҳаммадолим Сиддиқӣ дар “Ламаҳот мин нафаҳот-ул-қудс” низ бо баъзе тағйироти ҷузъӣ овардааст.

Ин бузургвор дар байни мардуми шаҳри Хуҷанд ҳамчун “Абдуллоҳи Сирпўш” низ машҳуранд, ки бо гузашти замон, ё иштибоҳи носихони китобҳо ва ё насабномаҳо ва бинобар дар ҳуруфоти арабӣ шакли навишти монанд доштанашкалимаи “Сабзпўш” ба “Сирпўш”, иваз шудааст.

Дар пайи ҷустуҷўҳо муяссар шуд, ки насабномаи “Арбоби Қошуқӣ”-ро, ки мадфанаш дар оромгоҳи “Гунбази Қошуқ”-и Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то ҳол вуҷуд дорад, дастрас намоем. Дар матни ин насабнома лақаби Абдуллоҳи Сабзпўш, ҳамчун «Сирпўш» омадааст, ки мухтасари он чунин аст: “Мўъминхон валади Тўрахон, Тўрахон валади Шарифхон, Шарифхон валади Орифхон, Орифхон валади Мирзо Зоҳид- шайх, Мирзо Зоҳид-шайх валади Мирзо Убайдуллоҳ-шайх, Мирзо Убайдуллоҳ-шайх валади Бобо-шайх, Бобо-шайх вала- ди Қосим-шайх, ал-маъруф ва-л-машҳур ба Арбоби Қошуқианд ва Қосим-шайх валади Хоҷа Сиррпўшанд”. Лақаби «сабзпўш» гирифтани Абдуллоҳи Хуҷандӣ беасос нест, зеро дар замони пеш ба бисёре аз аҳли тасаввуф ин лақаб илҳоқ мешудааст. Дар «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхии Румӣ, дар маънии калимаи «сабзпўш» чунин абёте омадааст:

Гуфт ўро: “Кистӣ ту? Сабзпўш! Дар биёбон, дар миёни ин вуҳуш”.

Гуфт: “Марди зоҳидам ман мунқатеъ, Бо гиёҳе гаштам инҷо муқтанеъ. Зўҳду тақворо гузидам дину кеш, З-он ки медидам аҷалро пеши хеш.

Дар марзи Тоҷикистон мазорҳое низ ҳастанд, ки ба номи онҳо калимаи «сабзпўш» илҳоқ шудааст. Муаррих Ҳамза Камол дар зикри мазороти ноҳияи Масчоҳ мазори «Хоҷа Сабзпўш»-ро дар деҳаи Ревомутк ва мазори «Шамсуддини Сабзпўш»-ро дар зи- кри мазороти Фалғар қайд кардааст (47, с. 31 - 35). Хулоса ин аст, ки лақаби дурусти Хоҷа Абдуллоҳ бояд бо такя ба сарчашмаҳои мўътамад “Сабзпўш” бошад. Лақаби дигари Шайх Абдуллоҳ “Дарвеш Некрўз” будааст, ки бо ин мазмун дар “Тўҳфат-уз-зоирин”-и Носируддини Бухороӣ чунин омадааст: “Ва Дарвеш Некрўз, яъне Шайх Абдуллоҳи Хуҷандӣ аз ҷумлаи муридони Хоҷаи Бузурганд”251 (17, с. 58).

Замони зиндагии Абдуллоҳи Сабзпўш бинобар ҳамасри Исҳоқ-ато ибни Исмоил-ато ва муриди Баҳоваддини Нақшбанд буданаш, ба асри XIV рост меояд, зеро ин бузургон дар ҳамин давра зиндагӣ кардаанд. Айни замон дар маҳаллаи “Тути Калон”-и шаҳри Хуҷанд, дар ҷониби шарқии чойхонаи маҳалла дар баландие, ки атрофаш- ро бо санг таҳкурсӣ кардаанд, оромгоҳе ҳаст. То солҳои 60-уми асри XX дар ин ҷо мақбараи фарсудаи ин бузургвор вуҷуд доштааст. Банда соли 2008 аз ин ҷо дидан карда будам ва дар сари қабре чўбе рост карда будаанд. Дар сари ин чўб аз пашми асп ва ё қўтос як банд мўй баста буданд, ки онро “Туғ” мегўянд, ки алҳол осораш аз байн рафтааст. Мувофиқи ривояти кўҳансолони маҳаллаи мазкур, мадфани Абдуллоҳи Сабзпўш зери ҳамин “Туғ” будааст.

Содирхон Умаров