(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

НАЗАРЕ БА РӮЗГОРИ БУЗУРГОНИ ХУҶАНД

Бузурги дигари Хуҷанди бостон, ки аҳволу осораш бояд мавриди таҳқиқ қарор гирад, Шайх Бурҳонуддини Кабир аст. Алъон, дар маҳаллаи Шайх Бурҳони Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, оромгоҳи “Шайх Бурҳонуддини Қилич” вуҷуд дорад, ки дар васати он марқади Шайх Бурҳонуддин баъди азнавсозӣ побарҷост.

Дар мавриди муайян намудани аслу насаб, солҳои зиндагӣ ва осори ин бузургвор ба чанд сарчашмаҳо назар кардем, ки онҳоро баррасӣ хоҳем кард.

Чи хеле ки дар баррасии насаби Шайх Маслаҳатдин қайд кардем, Шайх Маслаҳатдин ва Шайх Бурҳониддини Кабир аз як авлод будаанд ва ҷадди аълои ҳарду Мир Саййид Шамсуддини Бузург будааст. Дар насабномаи “Мирзо Тоҳири Хуҷандӣ” дар мавриди насаби Шайх Бурҳонуддин ва ҷойи қабри ў чунин омадааст: “Шайх Мир Саййид Муҳаммади Заркўб ибни Шайх Мир Саййид Саъдуддин ибни Шайх Мир Саййид Шамсуддин ибни ҳазрати шайхулмашоих-ил-аср ва-л-офоқ Амир Саййид Бурҳонуддин Кабир ибни Шайх Мир Алоуддин ибни Шайх Мир Ҷалолуддин ибни Шайх Мир Заҳируддин ибни Шайх Мир Саййид Шамсуддини Бузург ибни Шайх Бадруддин. Ва турбати Шайх Бурҳонуддини Кабири мазкур дар беруни ҳисори Хуҷанд дар мавзеъе, ки ал-явм изофатан қаряи мазкурро ба ҷаноби он олимартаба намуда, “Шайх Бурҳон”мегўянд”.

Доир ба ин масъала дар китоби “Мулҳақот би-с-Суроҳ”-и Ҷамоли Қаршӣ маводи зиёди таърихӣ оиди мавҷуд аст. Муаллифи ин асар дар боби “Маърифати имомон, саййидон, шарифон, ки аз ҳар мамалакате омада буданд, бо онҳо вохўрда манфиатҳо бардошта будам” чунин овардааст, ки: “Яке аз онҳо ас-саййид ас- садр ал-муаззам, меҳтари саййидон, санади саодат, гузидаи авлод ва ол, подшоҳи ислом, шукўҳи саййидон, садри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он. Ман аввалин бор ўро дар Олмалиғ вохўрдам ва шайхулимом ал-ҷалил Бурҳонуддин ат-Тавил ал-Музаккир ҳамроҳи ў буд. Ва ў – ас-саййид имоми Хуҷанд, Бурҳонуддин ал-Муқрӣ ал-Хуҷандӣ, охирони онҳо (яъне уламои мотақаддам), ки баъдан мутаваттини Олмалиғ шуд. Баъд, бори дувум ба Хуҷанд ба назди ў рафтам ва хушбахтона пайи чанд моҳи соли 670ҳ./1272м. аз ў таълим гирифтам”. Дар боби “Шаҳри Хуҷанд” чунин меорад, ки “...ва меҳтари онҳо – ас-садр ал-аҷал(л) ал-аъазз, такядори саййидон, бузургтарини содот (Бурҳонуддини Муқрӣ– С.У.), ки мо ҳангоми васфи Олмалиғ ва шахсиятҳои мутават- тини он гуфта будем. Ва падари ў маликулислом – Бурҳонуддин ал-Кабир, раҳматуллоҳи таъоло, ки қитъае дар бораи пири гуфта буд ва он дар мақбарае, ки дар лаби дарёи Сайҳун аз тарафи Мевағал ҷойгир аст, навишта шудааст. Ва ин номи кўҳест дар шимоли шаҳр”.

Ин қитъаро Ҷамоли Қаршӣ ба забони форсӣ тарҷума карда будааст:

Чун ба ман дар шаби шубоб аз чарх,

Риштаи шиб гашт падид.

Гуфтам:

«Аз дурри ашку ин ришта,

Хуш тавон кард, иқди марворид.

Ба мазмуни ин, ки мадфани Шайх Бурҳонуддини Кабир ав- валан дар лаби дарёи Сайҳун, яъне Сир буда, баъдтар ба ҷои дигар интиқол шудааст, аз матни “Маноқиб” ин далелро меоварем: “Шайх Бурҳониддин Кабири Яманӣ дар лаби дарёи Хуҷанд будаанд. Аз ҷиҳати ғалабаи об оварда, инҷонибтар дафн карданд. Ва дар беруни дарвозаи Қозӣ аст, дар ҷониби шарқии Хуҷанд аст”.

Аз ин ҷо маълум шуд, ки ҷасади Шайхро бинобар дамидани оби дарёи Сир баъдтар берун аз ҳудуди шаҳри Хуҷанди асримиёнагӣ, дар самти шарқии он дафн карда будаанд. Шояд ин мавзеъ аз заминҳои хусусии ин авлод будааст, ки баъдтар бинобар дафн шудани ҷасади Шайх Бурҳонуддини Кабир номи “Шайх Бурҳон”-ро гирифтааст. Хулоса, шахси мадфуни оромгоҳи деҳаи “Шайх Бурҳон” на Бурҳонуддини Қилич будааст, балки ҳамин Бурҳонуддин Кабир ибни Шайх Мир Алоуддин ибни Шайх Мир Ҷалолуддин ибни Шайх Мир Заҳируддин ибни Шайх Мир Сай- йид Шамсуддини Бузург ибни Шайх Бадруддин аст.

Тибқи навиштаи Ҷамоли Қаршӣ Бурҳонуддини Кабир шахсияти маъруфи замони худ буда, аз табори ашрофзодагон ва Имоми Хуҷанд будааст.

Дар мавриди солҳои зиндагии Бурҳонуддини Кабир қайд кардан зарур аст, ки Ҷамоли Қаршӣ ҳангоми сафари дувумаш ба Хуҷанд дар соли 1272 м., бевосита аз фарзанди ў Бурҳонуддини Муқрӣ таълим гирифта будааст. Аммо дар айни сафари севвумаш соли 688ҳ./1289м. аз ў ёд намекунад, шояд Бурҳонуддини Муқрӣ байни солҳои 1272-1289 м. вафот карда будааст. Аз ин ҷо, агар умри Бурҳонуддини Муқриро ба ҳисоби миёна шартан 75 сол қабул кунем, пас вақти таваллуди ў ба солҳои 1200 м. рост меояд. Пас маълум мешавад, ки Бурҳонуддини Кабир, падари Бурҳонуддини Муқрӣ дар охири асри XII ва нимаи аввали асри XIII зиндагӣ кардааст. Ин хулосаи моро баррасии насабно- маи Шайх Маслаҳатдин (ваф. 1221 м.) ва Бурҳонуддини Кабир қавитар месозад, ки тибқи он аввалӣ насли севум ва дувумӣ насли чоруми Мир Саййид Шамсуддини Бузург будаанд. Аммо дар мавриди илҳоқ шудани лақаби “Қилич” ба ин бузургвор қайд кардан зарур аст, ки яке аз машҳуртарин шахсиятҳои ирфонии охири асри XII ва аввали асри XIII Бурҳонуддин ибни Камолуддин лақаби “Қилич” доштааст. Аслан лақаби “Қилич” ба шоҳзодагони сулолаи “қарохонӣ” дода мешудааст, ки бобои модарии Бурҳонуддини Қилич – Наср Арслонхон, мулаққаб ба Элик Мозӣ (ваф. 1011-1012м) аз ҳамин сулола будааст. Мувофиқи нақли дар матни “Маноқиб” омада, ин бузургвор дар синни хурдсолӣ бо шамшери чўбин гови шахсеро ду ним мекунанд ва подшоҳи он замон вайро талаб мекунад ва баъди огоҳӣ аз каромоти Бурҳонуддин ба ў лақаби “Қилич”-ро дода будааст. Барои исботи ин маънӣ мухтасари ин нақлро дар ин ҷо меорем: “Подшоҳ фармуд: “Эй кўдак, ин говро сар зан!” Шайх шамшери чўбини худ ба даст гирифта ва панҷқадам гашта омада заданд, говро аз миён ду ним сохтанд. Подшоҳ гуфт: “Эй ёрон, чунон бинам дар ин, ки ин кўдак валӣ аст, ҳеҷ тардид нест, вагарна ин чӣ маънӣ дорад, шамшери чўбин аз хурдсоле гов ду ним шавад.” Подшоҳ пурсид, ки “Эй кўдак, номи ту чист?” Шайх гуфтанд: “Бурҳонуддин”. Подшоҳ гуфт: “Чӣ номи фархунда доштаӣ?” Зоҳир дар ин аст, ки ин кўдак бурҳони дин шавад.” Дар ҳамон маҷлис подшоҳ ҳукм кард, ки “ Баъд аз ин таърих, мардум ўро Қилич гўянд”. Албатта, атрофи ин каромоти Шайх андешаҳо зиёд аст, аммо ҳамин лақаб бо сабаби номи ягона “Бурҳонуддин” доштани ин ду бузургвор ба Бурҳонуддини Кабири Хуҷандӣ низ дертар насб шудааст. Далели дигар он аст, ки мувофиқи нақли муаллифи “Маноқиб”, ки дар бахши аввали ин мақола оварда шуд, Бурҳонуддини Қилич муриди Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ будааст ва шояд бо ин сабаб ин лақаб дертар бо иштибоҳи котибони китобҳо ва насабномаҳо ба Бурҳонуддини Кабири Хуҷандӣ пайваст шудааст.

Дар мавриди лақаби “Кабир” доштани Бурҳонуддин бояд гуфт, ки Ҷамоли Қаршӣ аз эшон ҳамчун маликулисломи Хуҷанд ва имом ёд кардааст. Аз ин ҷо бо эътимоди қавӣ ў шайхулисломи Хуҷанд будааст, ки ин мансаби баландтарини мазҳабӣ дар умури танзими қавонини динӣ аст. Дар мавриди дар “Маноқиб” қайд шудани нисбаи Шайх, ҳамчун “Яманӣ” ҳеҷ санаде надорем, ки ин маъниро тасдиқ кунад.

Аммо бо шарти эътироф кардани саййидзода будани Шайх, шояд аҷдодонаш аз кишвари Ямани нимҷазираи Арабистон ба Хуҷанд омада бошанд.

Баъди баррасию таҳлили ин сарчашмаҳо иваз кардани номи мазор ва оромгоҳи “Бурҳонуддини Қилич”-ро ба “Бурҳонуддини Кабир” пешниҳод мекунем.

Содирхон Умаров