(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” дар толори калони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ширкати олимону адибон устодон ва шогирдони донишгоҳ ва мухлисони шеъру сухан баргузор шуд.

Роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов нахуст аз муҳимтарин воқеаҳои фараҳбахши ин моҳ аз ҷумла ба кор даромадани чархаи дуввуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро зикр кард.

Муовини ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба илм профессор Хайрулло Сабуров баромад карда, аз фаъолияти маҳфилҳои гуногуне, ки дар донишгоҳ амал мекунанд изҳори назар кард ва хидмати маҳфили “Ганҷи сухан”-ро ҳамчун мактаби илмиву адабӣ, ки мерос аз донишманди маъруфи тоҷик Абдулманнон Насриддин аст дар пешрафти илму адаби тоҷик назаррас хонд.

Сипас дар мавзӯи “Шеър ва ҷаҳони маънавии инсон” Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои филология, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад карда, аз мақому манзалати шеър дар ҷомеа андешаронӣ намуд.Ҳамзамон чанд шеъри тозаи худро ба аҳли нишаст эҳдо кард.

Дар бахши “Китоб –сарчашмаи саодат” дар мавзӯи “ Назаре ба “Ал-феҳраст”- и Ибни Надим” маърӯзаи илмии Баҳром Мирсаидов, номзади илмҳои филология, директори китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ шунида шуд.

Раиси кумитаи Иттифоқҳои касабаи маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Мироватов дар суханронии худ аз ҳамкории доимии иттифоқҳои касабаи вилоят бо олимону адибон ёдрас кард ва тазаккур дод, ки дар оянда дар заминаи дастгирии маҳфилҳову конфронсҳо ва озмунҳо фаъолияти якҷоя идома хоҳад ёфт. Профессорон Усмонҷон Ғаффоров ва Абусаттор Абдуқодиров дар доираи мавзӯи маърӯзаҳои ироашуда изҳори назар карданд.

Чун суннат ва анъанаи деринаи маҳфил он рӯз гирандагони ҷоизаҳои давлатӣ ва олимони ҷавоне, ки сазовори унвонҳои илмӣ гардиданд бо ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва кумитаи Иттифоқҳои касабаи маориф ва илми вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

Аз ҷумла Шоири Халқии Тоҷикистон Озарахш, забоншиноси маъруф Абдуқодиров Абдусатор, Умеда Ғаффорова- доктори илмҳои филология профессор, Алиев Умар –профессор, Манучеҳра Кенҷаева -номзади илмҳои филология, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият ба ҷоизаҳои баланди давлатӣ ноил гардиданд соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ шуданд.

Ҳамчунин 16 нафар муҳаққиқони ҷавон,ки ба тозагӣ соҳиби унвонҳои илмии доктор ва номзадҳои илмҳои филология ва таърих гардиданд бо ҳадяҳо сарфароз шуданд. Ба маърӯзачиёни он рӯз низ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Суруду оҳангҳои дилнишин дар иҷрои санъаткорони донишгоҳ бо роҳбарии Ҳусейнҷон Юсупов ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд