(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Ва ло ғариба би нузҳати мин Хуҷанд Ва лам арбалада би азаи Шарқ (Ибн ал-Фақеҳ) Вожаи «Хуҷанд»-ро «мардуми саодатманд» маъно карда- анд. Онро «арўси дунё» хондаанд.

Ҷуғрофиёнависони қадим, монанди Ибни Ҳавқал, Истахрӣ ва Ёқут, зебоии онро сутуданд ва дар бораи азамат ва бузургии он навиштаанд, ки дорои ҳашт дарвоза, чаҳор суқи бузург, ҷавомеъ ва масоҷиди бисёр бо соири осори хайрия буда, ки бузургтарин ҷомеъи он ҷомеъи «Ҳазрати Робиа» ном доштааст. Низ гуфтаанд, ки дар атрофаш боғҳои зиёд вуҷуд дошта ва ҷамъияти умдаи онро тоҷикҳои эронӣ ва андаке ўзбакҳо ва қарақизҳо ташкил медодаанд. Қидмати бунёд ва бинояшро ба Кайхусрав нисбат додаанд. «Ҳудуд-ул-олам» қадимтарин китоби чуғрофиёи форсӣ, ки дар соли 382 ҳ.қ. таълиф шуда менависад: «Хуҷанд шаҳрест... бо кишт ва барзи бисёр ва мардумони бомурувват ва аз вай анор хезад».

Соҳиби «Муҷмал-ут-таворих» Хуҷандро ҷузви шаҳрҳои бу- зурги Хуросон бармешуморад ва менависад, ки «иқлими робеъ аз Шарқ ибтидо кунад ба шаҳрҳои Тиббат ва Хуросон ва дар он ҷо шаҳрҳое чун Фарғона ва Хуҷанд ва Усрушана ва Самарқанд ва Бухоро ва Балх ва Ҳирот ва Марв ва Марвруд ва Сарахс ва Тўс ва Нишобур…» аст. Соҳиби «Таърихи Сиистон» Хуҷандро аз ҷумлаи «куртҳо»- и Хуросон дониста ва менависад: «Куртҳои он (Хуросон) Таба- син, Қаҳистон, Ҳирот, Толиқон, Гўзгонон, Хафшон (ё Хайшон), Бодғис, Пушанҷ, Тағористон, Форёб, Балх, Хилм, Марвруд, Чағониён, (ва) Ошҷурд, Хатлон, Бадахшон… Хуҷанд…» аст.

Ибн ал-Балхӣ – соҳиби «Форснома» дарозои девори Хуҷандро панҷоҳ фарсанг (!) зикр мекунад ва бинои онро ба Пирўз ибни Яздиҷурд нисбат медиҳад ва менависад: «Пирўз ибни Яздиҷурд… ин шаҳрҳо кардааст. Девори панҷоҳ фарсанг ба Хуҷанд миёни ҳадди Эрон ва Тўрон».

Нависандаи «Нузҳат-ул-қулуб» низ Хуҷандро аз шаҳрҳои машҳури Мовароуннаҳр мешуморад ва менависад: «Мовароуннаҳр мамлакате бузург аст аз иқлими чаҳорум. Аз билоди машҳураш Бухоро ва Самарқанд ва Суғд ва Хуҷанд…» аст.

Аз Оли Хуҷанд ва хуҷандиён низ ҳамвора дар мутуни адаби форсӣ ба некномӣ ёд шудааст. Муҳаммад Авфӣ дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб» - қадимтарин тазкираи шуарои порсигўй, ки ба соли 617 ҳ.қ. таълиф шуда, менависад: «Хонадони Хуҷандиён дар Сифоҳон мулозии арбоби фазл ва муътасими асҳоби дониш ва мустаҷмаъи комилони ҷаҳон аст ва ҳар фарде аз афроди он ҷамъ дурри фариди ҷамол ва шаҳбайти қасидаи ифзоланд. Садои сийяти эшон ба ақосии офоқ расида ва шакари оби ҷуди эшон сукроти ҷонро таскин дода ва Садриддин, ки зикри ў рафт (Садр Ҷамолиддини Хуҷандӣ) аз саворони майдони фазл собиқ ва муҷалло буд ва ба ҳалийяи ҷамол мутахаллӣ ва ин Ҷамолиддин ҳам шукуфаи он гасан ва гасани он арума ва дурри он садаф ва дурре он шараф аст. Натоиҷи табъи ў арўсони зеборўй ва парда- гиёни сиёҳмўянд. Абкори хотири ў чун ҳуриин мавзуни конҳои байзи макнун».

Аллома Қазвинӣ менависад: «Хонадони хуҷандиён дар Исфаҳон руасои шофеия буданд ва илова бар он раёсати баладӣ низ дар тасарруфи эшон буд ва эшонро бо мулуки Салҷуқия вақоее аст, ки дар кутуб сабт аст. Ин тоифа аслан аз шаҳри Хуҷанд аз би- лоди Мовароуннаҳр мебошанд».

Садриддин Умари Хуҷандӣ мамдўҳи Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ буда ва Камолиддин қасидае ба матлаи зер дар васфи ў дорад:

Зиҳӣ ба ҳалқаи зулфи ту нархи ҷон арзон,

Ба растаҳои ғамат дурри ашк нақди равон.

Ва аз ҷумла гўяд:

Саволи илмеву моле аз ў ҳар он кӣ кунад,

Бар ў зи дасту забонаш бувад гавҳарборон

Бародари Садриддини Хуҷандӣ, яъне Азудуддини Имоду- лислом Ҳасан ибни Абдуссамад ал-Хуҷандӣ низ марде баландмартаба ва мунъим буда аст. Камолиддин Исмоил дар васфи ў қасидае ба матлаъи зер дорад: Ба ҳар замин, ки мардуми чашмам гузар кард, Онро зи орзуи рухат лолазор кард Ва зимни ҳамин қасида мегўяд:

Садро, фуруди пояи қадри рафеъи туст,

Ҳар мунъиме, ки халқ бад-ў эътибор кард.

Ҷамолиддин Муҳаммад ибни Абдуррозиқи Исфаҳонӣ – падари Камолиддин низ хуҷандиён ва аз ҷумла, Садриддини Хуҷандӣ ва Камолиддини Хуҷандиро сутудааст. Ў дар васфи Ҷамолиддин қасидае ба матлаъи зер дорад:

Бузургмунъиму махдуми ман Ҷамолиддин,

Сипеҳри рифъату кони сахову кўҳи виқор

Хоқонӣ шоири баландовозаи қарни шашуми ҳ.қ. бо ҳама улуввитабъ вамақоми илмӣва мартабаи шоирӣ ваамирушшуароӣ худро ғуломи хуҷандиён медонад:

Ҳар сол агар ғуломи хоқон,

Бар мири Хуҷанд мири номист.

Хоқонӣ агарчи ҳаст мире,

Дар пеши хуҷандиён ғуломест

Хоқонӣ дар ҷойи дигар дар васфи хуҷандиён мегўяд:

Ҳар куҷо к-аз хуҷандиён садрест,

З-оташи фикрат об мечакадаш.

Хоса садри ҳудо Ҷалолиддин,

К-аз сухан дурри ноб мечакадаш.

Оташи Мўсо оядаш зи замир,

В-оби Хизр аз хитоб мечакадаш.

Камоли Хуҷандӣ низ худ бар илова ба мартабаи устодӣ дар шоирӣ аз урафои баноми қарни ҳаштуми ҳ.қ. маҳсуб аст ва ба далели ин ки дар тасаввуф мақоме воло дошт ва дар иршоди халқ нофиз-ул-калима ва дар зўҳд ва тақво машор-ун-бил банон буд, мавриди таваҷҷеҳи хоси мардум қарор гирифт ва пайравон ва муридони вафодори бисёр ёфт ва гуфтаанд, ки пас аз марг ба ҷустуҷўи мотаракааш пардохтанд ва ҷуз бўрёе, ки бар он хуфта ва хиште, ки бар болин ниҳода буд, чизе наёфтанд.Шеъри Камоли Хуҷандӣ дар хидмати иршоди халқ аст ва василаест барои баёни андешаҳои волои ў ва дастовезе барои тарбияти мардуми кўчаву бозор ва тасфияи даруни инсонҳои рўзгори ў ва пас аз ў. Худ мегўяд:

Ин такаллуфҳои ман дар шеъри ман,

Каллиминнӣ ё ҳумайрои ман аст

Паёмҳои Камоли Хуҷандӣ дар эҷоди муаддат ва дўстӣ ва пайвандҳои тафоҳумомез дар ҷомеа нақше созанда ва ғайри қобили инкор дорад: Ҷониби дилҳо нигаҳ дор, ки султон, Мулк нагирад агар сипоҳ надорад. Яке дигар аз хуҷандиёни номдор Имом Абўбакр Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ аст. Ў нахустин фард аз хонадони хуҷандиён аст, ки машҳур шуд. Дар Марв мезист ва Хоҷа Низомулмулки Тўсӣ (607-685 ҳ.қ.) ба маҷлиси вазъи ў мерафт. Чун аз суханони ў хушаш омад, ўро ба Исфаҳон даъват кард ва тадриси мадрасаеро, ки дар Исфаҳон сохта буд, ба ў вогузорид. Хуҷандӣ дар Исфаҳон ҷоҳ ва макнате азим ба даст овард ва Хоҷа Низомулмулк ҳамвора ба зиёраташ мерафт.

Садриддин Абдуллатиф ибни Муҳаммад ибни Абдуллатиф ибни Муҳаммад Собити Хуҷандӣ (м. 580 ҳ.қ.) аз донишмандон ва адибони машҳур ва аз руасои воломақоми Исфаҳон маҳсуб мегардад, ки ба форсӣ ва арабӣ шеър месуруд.

Садриддин Маҳмуд ибни Абдуллатиф ибни Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ ибтидоан нозири мадрасаи Низомияи Бағдод буд ва сипас ба раёсати шофиияи Исфаҳон мансуб гашт, то соли 592 ба қатл расид. Дар бораи Абулмузаффар ибни Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ навиштаанд, ки дар соли 694 дар ҳини вазъ дар Рай ба қатл расид. Аз дигар хуҷандиёне, ки ба маротиби волои илмӣ расидаанд ва аз ҷумлаи ходимони ҷомеаи рўзгори хеш ба шумор мерафтаанд, метавон Назириддин Муҳаммад ибни Муҳаммади хуҷандиро ёд кард, ки устоди атиббо буд ва китобе ба номи «ат- Талвиҳ ила асрор-ут-ташреҳ»131 навишт. Девоне дар ташреҳ ба назми форсӣ аз фарде ба номи Хуҷандӣ вуҷуд дорад, ки шояд аз ҳамин Хуҷандӣ бошад.

Умар ибни Ҳоруни Хуҷандӣ шайхе солеҳ ва бузургвор аз бузургони мутасаввифа буд ва ба ҳасани сират иштиҳор дошт.

Абўумрони Хуҷандӣ (Мўсо ибни Абдуллоҳи муаддиб) мар- де адиб ва фозил буд ва дар худуди соли 340 ҳ.қ. дар Самарқанд даргузашт. Зиёуддини Хуҷандӣ шоир ва адиб буд. Дар Шероз мезист. Ба вуфури фазл ва камол шўҳрат дошт. Шарҳе бар маҳсули Фах- ри Розӣ навишт. Дар соли 410 ба ривояте дар соли 422 дар Ҳирот даргузашт. Абўбакри Хуҷандӣ (Яҳё ибн ал-Фазл ал-Варроқ) яке дигар аз фузалои Хуҷанд аст, ки китобе дар шарҳи ҳоли саҳоба навиш- тааст. Аҷабии Хуҷандӣ шоире маъруф буд, ки Авфӣ ўро аз «аҷоиби айём ва наводири рўзгор» донистааст.

Абулфазли Хуҷандӣ дар Макка муҷовир шуд ва аз ҳофизааш имлои ҳадис мекард138 (дар ҳудуди соли 337 ҳ.қ.).

Абўмаҳмуди Хуҷандӣ аз уламои риёзии ислом маҳсуб ме- гардад. Абўабдуллоҳи Хуҷандӣ (Сулаймон ибни Исроил) баъдҳо ба Бағдод рафт ва дар он ҷо дарси ҳадис медод.

Хуҷандиён дар заминаи умури тиҷоратӣ ва хадамоти бозаргонӣ низ соҳиби овоза ва шўҳрат будаанд ва Аҳмади Хуҷандӣ ба нақли «Таърихи Ҷаҳонкушой»-и Ҷувайнӣ яке аз се тан тоҷирони мусулмон аст, ки ҳамзамон бо Чингизхон мезиста ва дар ҳадди тиҷорат «сайёби музаҳҳаб» додуситад мекардааст.141 Садри Хуҷанд дар фарҳанг ва адаби форсӣ ҳамвора мазҳари инсони комил ва мутаолӣ будааст, то ба он ҷо, ки ҳатто некмардон ва хайрхоҳон ва ёварони дармондагон худ тасаввуре аз таҳаққуқи рўъёҳои содиқа ба василаи ин мардони роҳи ҳақ дар зеҳн доштаанд. Дар «Бўстон»-и Шайхи аҷалл чунин нақл шудааст, ки:

Яке хори пойи ятиме биканд,

Ба хоб андараш дид Садри Хуҷанд.

Ҳамегуфт дар равзаҳо мечамид

К-аз он хор бар ман чи гулҳо дамид.

Сарзамини донишпарвари Хучанд дар заминаҳои улуми риёзӣ ва нуҷумӣ низ саромадоне ба ҷаҳони илму дониш арза доштааст: Абўмаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ (мутаваффӣ дар худуди 391 ҳ.қ.) аз риёзидонон ва мунаҷҷимони мусалмони Хуҷанд аст, ки муосири Фахруддавлаи Дайламӣ буд ва дар Рай мезист ва яке аз ихтирооти нуҷумии худро ба номи ў «Судси Фахрӣ» ном гузошт.

Ризо Муставфии Сабзаворӣ