(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар муассисаи таълимии «Паймони азизон» марҳилаи шаҳрии озмуни «Мураббияи сол» баргузор гардид ва аз миёни 5 нафар довталабони асосӣ мураббияи ширхоргоҳ- кӯдакистони рақами 15-и шаҳри Хуҷанд Фирӯза Қодирова мақоми аввали озмунро ба даст овард.

Мураббияҳо аз рӯйи шартҳои “Ҳисоботи эҷодии фаъолият”, “Тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости доварон”, “Машғулияти таьлимӣ”, “Муаррифии фаъолияти педагогӣ”, “Дониш ва маҳорати касбии мураббиён” ва “Таҳлили ҳолатҳои равонии педагогӣ” маҳорати хешро нишон доданд.

Ҳамин тавр, бо гирифтани холҳои муайян мураббияҳои МТТ хусусии “Дилоро” , МТТ№ 33, 38 ва 20 дар озмуни “Мураббияи сол” мавқеъи хешро соҳиб гардиданд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи ташкили чунин озмун дарёфт ва муайян намудани мураббияҳои беҳтарин, ки дар асл эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш мебошанд, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии мураббиён, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки оғози соли ҷорӣ мураббияи ширхоргоҳ- кӯдакистони рақами 27-и шаҳри Хуҷанд Ҳанифа Валиева “Мураббияи соли Тоҷикистон” гардида, бо Ҷом, 2000 сомонӣ маблағи пулӣ ва нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим карда шуда буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд