(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шанбегии умумишаҳрӣ шаҳри Хуҷандро зеботар намудДар партави сиёсати ободкории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, имрӯз дар тамоми қаламрави шаҳри Хуҷанд шанбегӣ  гузаронида шуд. Дар он аз тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳои маркази вилоят новобаста ба шакли моликияташон наздик 36 ҳазор нафар ширкат намуданд.

Дар ин рӯз зиёда аз 11 ҳазору 300 бех ниҳол шинонда шуд, ки аз он 8500 бех ниҳолҳои сояафкан  ва 2570 бех ниҳолҳои мевадиҳанда мебошанд.

Дар кучаю гулгашт ва хиёбону маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд наздик ба 8250 дона гулу гулбуттаҳои  ороишӣ шинонда шуд. Дар баробари ин ҳашарчиён дар тоза намудани зиёда аз 40 км ҷуйбор саҳм гирифта, аз кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои маркази вилоят   160 тонна  партов бароварда шуд.

Корхонаю муассисаҳои хоҷагию коммуналӣ дар рузҳои дигар низ то арафаи Наврӯз корҳои гулкорӣ ободониро идома хоҳанд дод.