(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ҳамшаҳриёни азиз!

9 сентябри соли 1991 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин чун Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст, ки имсол мо 28-умин солгарди онро ҷашн мегирем.

Ин ҷашни пуршукўҳи миллатро ба кулли сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд самимона табрик гуфта, бароятон бахту иқболи нек, рўзгори ободу осуда, шодию нишот ва хуррамию шодмонӣ орзу менамоям.

Воқеан ҳам Истиқлолият ганҷи бебаҳо ва неъмати азизтарин барои мардум аст. Зеро маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва зиндагии озоду осуда ба сар барем.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.»

Агар ба марҳилаи рушди 28-соли соҳибистиқлолии мамлакат назар афканем, густариши сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва дар маҷмўъ дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун кишвари мустақил арзи ҳастӣ кардани Тоҷикистони азиз, аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад.

Илова бар ин сарбаландию хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрўзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат метавонад ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшида бошад.

Ҳамзамон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ нуфузу эътибори кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ пайваста боло рафта, Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид.

Имрўз дар ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо шарофати сиёсати бунёдкорона ва ободкоронаи Пешвои муаззами миллат марҳилаи нави бунёдкорӣ фаро расидааст.

Пиру барно ин сиёсати созандаро гарму ҷўшон дастгирӣ намуда, сидқидилона таъкид мекунанд, ки қадами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мубораку ҳуҷаста аст. Ҳар сари қадам нишон аз пешрафту бунёдкорист ва онҳоро метавон аз чеҳраи ҳар як сокини мамлакат баръало мушоҳида кард.

Боиси ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, дар партави соҳибистиқлолии Ватани азизамон ба мо муяссар гардид, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

Обод гардидани садҳо киллометр роҳҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, қомат афрохтани даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ ва корхонаҳои нави истеҳсолӣ аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ мебошанд.

Тавре ҳамагон огаҳӣ доранд, дар доираи сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд дар рўзҳои таҷлил аз истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр даҳҳо иншоотҳои гуногуни иҷтимоию истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ҳамаи ин дастовардҳо аз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон мебошад.

Эътимоди комил дорам, ки мо дар ҳамдастию шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ҳамаи имкону тавонмандиамонро минбаъд низ ба кор бурда, ҷиҳати иҷрои пурраи ҳадафҳои ба нақша гирифташуда ва сазовор таҷлил намудани ҷашни пуршукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дўстӣ, бародарӣ ва Ваҳдат аст.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми азизи Хуҷанди бостониро ба ифтихори 28-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо рўзгори орому осуда, хонаи ободу дастархони фаровон ва иқболу сарбаландӣ орзу менамоям.

Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамшаҳриёни азиз!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд