(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз бо ворид намудани Парчами миллӣ ва танинандозии Суруди миллӣ ба чорабинии тарбиявии МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд, ки ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, огоз гардид.

Хонандагон бо маърӯза, шеъру суруд ва саҳначаҳои ҷолиб доир ба арзишҳои Истиқлолият, раванди рушди босуботи кишвар, Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва дигар муқаддасоти миллӣ баромадҳои ҷолиб намуданд.

Таъкид шуд, ки нигаҳдорию эҳтироми истиқлолияти давлатии мо бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад. Мо бояд тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ба Истиқлолият ва Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастаю пайваста дониста, ба хотири дар амал тадбиқ намудани ҳадаф ва идеяҳои миллӣ истиқлолияти давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги аср муаррифӣ намоем.

Зимни натиҷагирӣ аз маҳфили тарбиявӣ аз ҷониби сарвари муассисаи таълимӣ Манзура Ёрматова зикр гардид, ки бунёд ва навсозии муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар аз ҷумлаи амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа дар замони Истиқлолият ба шумор меравад. Дар ин самт мо бояд барои тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ саҳмгузорӣ намоем.

Ба бахти миллати мо фарзанди барӯманди тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни сиёсат қадами устувор гузоштанд ва нахустин паёме, ки ба мардум ироа гардид ин ҳарфҳои деринтизор буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин паём калиди кушоиши ҳама уқдаҳои сарбаста ва мушкилоти ҷомеаи мо буд ва дар навбати худ маромномаи фаъолияти ҳамонвақтаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ифода намуда, аз азми қавӣ ва ҷасорати фавқулода доштани роҳбари ҷавони давлати тоҷикон шаҳодат медод.

Рисолати таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он давра ин буд, ки миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид. Имзо шудани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият аст, ки баъдан дар тамоми арсаҳо барои татбиқу роҳандозии барномаҳои азим заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки: «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст».

Хусусан, дар ин давра, ба хотири таъмини ваҳдати миллӣ заминаҳои хеле устувор гузошта шуданд. Дар ин замина баргардонидани ҳудуди як миллион гуреза ба Ватан, аз чанги гуруснагӣ раҳонидани мардум, барқарор кардани офатҳои ҷанги шаҳвандӣ, бунёди манзилгоҳҳои харобгашта, роҳҳо, иншооти маъмурӣ ва таъиноти маишӣ, мактабҳо, беморхонаҳо аз ҷумлаи умдатарин вазифаҳои давлат буданд, ки бо муваффақона анҷом дода шуданд. Ҳамгироӣ, якдилӣ, ҳамраъйӣ ва муттаҳиду аҳлона зистан усулан баёнгари сиёсати сулҳхоҳона ва сулҳпарваронаи Роҳбари давлат мебошад. Бо гузашти ду даҳсола мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик буда, бо ҷонфидоӣ ва азхудгузаштагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки имрӯз ҳифзи ин арзиши муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар як тоҷики худогоҳу худшинос аст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд