(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Тарбиятгирандагони МТТ №6-и шаҳри Хуҷанд бо мураббиёни худ бо шукуҳу шаҳомати хоса аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намуданд. Кӯдакон дар васфи Ватан, миллат, Пешвои миллат суруду таронаҳо саройиданд.

Дар чорабинӣ намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, маъмурияти муассисаи томактабӣ ва мураббияҳо ширкат варзиданд.

Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошанд, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд. Муассисаҳои таълимии наву муосир бунёд шуданд.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёкони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гириромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад.

Бояд зикр намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму оинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва ғайра корҳои зиёде ба амал бароварда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд