(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар МТМУ №12-и шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ таҳти унвони "Истиқлолият - неъмати бебаҳо" бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ Искандар Шерматов ва Умар Азизбоев, мушовирони шуъбаи маорифи шаҳр Муаттар Ёкубова ва Малоҳат Мансурова, маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва хонандагон иштирок намуда, ҳозиринро бо 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Таъкид гардид, ки бо таваҷҷуҳ ба нуктаҳои арзишманди таърихӣ ва ибтикороти Меъмори сулҳ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудан бамаврид аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар ин муноқишаҳои бесару нӯги дохилӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон ҳамчун миллати дорои фарҳангу хиради баланди азалӣ ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдати пойдор буданд, ҳастанд ва мебошанд.

Табиист, ки миёни ҷашнҳои миллии мо Рўзи Истиқлолияти давлатӣ мақом ва ҷойгоҳи махсус касб намудаву сол то сол қимати таърихиаш рў ба афзоиш дорад. Зеро ин санаи нодири таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии миллиамон яке аз рӯйдодҳои муҳиму нодири таърихи навини давлатамон ба ҳисоб меравад. Табиатан заминаи соҳибихтиёрии сартосарӣ ба дӯши давлати тозаистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок гузошт.

Сабақи ибатомўзи таърих, гузаштаи пурифтихор ва афзалиятҳои давлатдории навини миллӣ, бо таваҷҷуҳ аз таҷлили ҷашнҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат шурўъ аз 1100-солагии давлатдории Сомониён то бузургдошти Соли тамаддуни ориёию 3000-солагии Ҳисори бостон боиси омўзишу қадршиносии ҳар яки мо буда, сархати роҳи устувори ояндабинӣ ва арзишҳои неки давлатдории миллиамонро муайяну бозкушоӣ намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ як қатор хонандагони беҳтарин ба сафи Созмони талабагӣ қабул карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд