(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Мансур Ҳоҷибоев Маркази хизматрасонии сеошёна, ки бо номи «Аржанг» қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Маркази хизматрасонии «Аржанг» дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд шудааст. Дар толори якуми маркази хизматрасонӣ, мағоза ва ошхона воқеъ буда, дар ошёнаи дуюм устохонаи рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин дар ин ошёна толори толори намоишгоҳи расму мусаввараҳо бунёд гардида, минбаъд чун маркази фарҳанг ва эҷод кор фармуда мешавад. Дар ошёнаи сеюми иншоот имконот ва шароити зарурӣ барои эҷодиёти мусавварӣ муҳайё карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми иншоот аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кӯдакони ятиму камбизоат туҳфаҳо ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуданд.

Дар ошёнаи якуми иншоот аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кӯдакони ятиму камбизоат туҳфаҳо ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити Маркази хизматрасонӣ «Аржанг» меҳмонон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро шоёни дастгирӣ хонданд ва соҳибкор Мансур Ҳоҷибоев, ки худ низ ҳунарманд аст, даъват ба амал оварданд, ки дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ саҳми хешро гузорад.

Таъкид шуд, ки бо иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром ба гузаштагони бузургу тамаддунофар, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва расму оинҳои миллӣ, анъанаҳои неку ибратбахши ниёгон ҳидоятҳо карда мешаванд. Ва ин ҳама ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд