(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раҷаббой Аҳмадзода бо донишҷӯёни хуҷандӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрд

Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади ошноӣ бо вази иҷтимоӣ ва таҳсили ҷавонони дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе таҳсил дошта вохурӣ доир намуд. Дар он 300 нафар донишҷуён ширкат намуда, доири шароити таҳсил имкониятҳои донишомузии худ маълумот доданд. Раиси шаҳри Хуҷанд дар суханронии худ зикр намуд,ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири сатҳи маърифати донишҷуён забондонии онҳо ва саҳми онҳо барои ояндаи кишвари азизамон эътибори хоса зоҳир менамоянд. Дар баробари ин Раҷаббой Аҳмадзода даъват намуд, ки онҳо ба донишандузии худ ҳамаҷониба эътибор дода, дар омӯзиши фанҳои ихтисосии худ саю кӯшиш намоянд. Дар баробари рушду пешрафти соҳаҳои мухталиф  табиист,ки ниёз ба мутахасисони баландихтисос рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Бинобар он дар шаҳри Хуҷанд имконияти мусоиди  бо ҷойи кории хуб таъмин шудан, мавҷуд аст. Мутахассисони ҷавон бояд баъди таҳсил ба шаҳри Хуҷанд баргашта, саҳми арзандаи худро дар раванди тарақкиёти самтҳои гуногуни хоҷагии халқ гузошта бошанд. Ҷавонон низ дар навбати худ ба Раиси шаҳриХуҷанд саволҳо дода посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар интиҳо ба донишҷуён аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода идрорпулии яквақтаи дода ба иштирокдорони вохурӣ дастурхонӣ наврӯзи ороста шуд.