(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Тибқи як қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода соли ҷорӣ тантанаҳои идонаи 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаву идораҳои шаҳр новобаста ба шакли моликияташон таҷлил карда мешавад.

Чорабиниҳои идона аз санаи 2-уми сентябр оғоз то 9 –уми сентябри соли равон идома меёбанд. Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-уми сентябри соли равон дар Кохи «Суғдиён» сурат мегирад. Худи ҳамин рӯз ба 50 нафар фаъолони касбу кори гуногуни ҷомеаи шаҳр Ифтихорномаи Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда мешавад.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои марбут ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳия шуда, масъулини дахлдор муваззаф гардидаанд.

Ҳамчунин дар остонаи Рӯзи Истиқлолият ашхоси камбизоат, ятимон ва бепарасторон мавриди айёдат қарор дода мешаванд.

Бахшида ба солгарди навбатии Истиқллияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани нишасту ҳамоишҳои илмӣ дар муассисаҳои таълими миёнаву махсус ва олӣ дар назар дошта шудааст, ки дар он маърӯзаҳои илмӣ бо мавзуъҳои ба даст овардани Истиқлолият, арзишҳои бунёди миллат ва Истиқлолият, афзун намудани ғояи вантандӯстиву меҳанпарасӣ дар тафаккури ҳар як фарди ҷомеа, нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, роҳи созандаву бунёдкорӣ, заминаҳои давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёр ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Санаи 9-уми сентябр дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр чорабииҳои оммавӣ бо барномаҳои фарҳангӣ сурат мегирад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд