(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади татбиқи нишондодҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар мавзеи соҳили Сир ва як қатор кӯчаҳои шаҳр аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд иқдоми «Тозагии соҳил ва хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо» гузаронида шуд.

Тавре аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории ин иқдом тозагӣ ва тароват бахшидан ба соҳили дарёи Сир, тақвият додани корҳои ободонӣ, тоза намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯ намудан ва таъмини беҳдошти муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Дар доираи чорабинии мазкур ду соҳили дарёи Сир аз купрӯки нав то кӯҳна аз ҳамагуна партов ва ифлосиҳо тоза карда шуд. Дар ҳамоиш беш аз 300 нафар ҷавонон ва ашхоси касбу кори гуногун ширкати фаъолона намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш ҳамчунин як қатор кӯчаҳои шаҳрро тозаву озода намуда, дар беҳдошти ҳифзи муҳити зист саҳмгузорӣ карданд.

Ҳамзамон баҳри тоза нигоҳ доштани соҳили дарёи Сир, дигар манбаъҳои обӣ ва пешгирии ифлосшавии онҳо бо аҳолӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ суҳбатҳо гузаронида шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки то имрӯз чунин чорабиниҳо пайваста аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ шуда, ба он сокинони маҳаллаҳо ҷалб карда мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд