(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар гимназияи №4-и шаҳр бо ҳузури омӯзгорон ва хонандагони ин муасиссаи таълимӣ майдончаи муосири варзиширо мавриди истифода қарор дод.

Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишӣ бо сарфи беш аз 327 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар ин майдончаи варзишӣ дар баробари майдони футбол, ҳамзамон майдони бозии баскетбол низ вуҷуд дошта, дар гирди майдончаи варзишӣ роҳрави тамринӣ сохта шудааст, ки он низ дар машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ пурсамар истифода хоҳад шуд. Дар як вақт дар ин майдончаи варзишӣ хонандагони 4 синф машғулиятҳои таълимии худро гузаронида метавонанд. Дар ин муассисаи таълимӣ толори варзишии пӯшида низ аз таъмири куллӣ бароварда шудааст. Таъкид гардид, ки давоми 7 соли охир муҳассилини гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд таҳти сарварии омӯзгори муассиса Қаҳҳор Алиев дар мусобиқаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналхалқӣ иштирок фаъолона намуда, 56 ҷоизаҳоро ба даст овардаанд.

Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои хонандагони гимназия беҳтарин туҳфа арзёбӣ намуд.

Маъруф Муҳаммадзода дар партави дастуру супоришҳои ирогардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш, ки субҳи имрӯз тариқи оинаи нилгун манзур гардид, аз муҳассилин даъват ба амал овард, ки аз чунин имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ истифода намоянд, то тамоми намуди варзиш рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.

Зикр гардид, ки омӯзгорони мо бояд меъёрҳои арзёбии дониши шогирдонро тавсеа бахшанд, барои омӯзонидани таърих, забон, адабиёт, фарҳангу санъати гузаштаву муосир, расму ойин ва дигар арзишҳои миллӣ зиёдтар талош намоянд, ба хонандагон арзишҳои муқаддаси истиқлолият ва озодиро дуруст шарҳ диҳанд, моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистони азиз таблиғ созанд, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ талош карда, дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демокративу дунявӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Бояд қайд намуд, ки дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд алҳол 137 нафар омӯзгорон барои 2947 нафар хонандагон дарс мегӯянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд