(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр семинар-машварати омўзишӣ бо мутахассисон ва коргузорони шуъбаву бахшҳо ва воҳидҳои сохтории шаҳр доир ба фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва Дастурамали коргузорӣ гузаронида шуд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ семинар-машварати мазкурро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки ба мақоми давлатӣ расидани забони ноби тоҷикии мо 30 сол пур шуд. 22 июли соли 1989 бо талошҳои пайгиронаи аҳли зиёи кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» ба тасвиб расида, аз ҳамон давра бунёди забони ниёгон вазифаи ҷонии ҳар соҳибзабон гардид.

Минбаъд баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 05.10.2009, таҳти №553 аз нав қабул гардида, барои дар сатҳи олӣ дар амал татбиқ намудани забони давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ин рў, сиёсати давлат дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ буда, ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад.

Таъкид шуд, ки таҷлили 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 1100-солагии нахустин давлатдори тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ, 1150-солагии зодрўзи қофиласолори назми тоҷик Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, эълони соли тамаддуни Ориёӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва амсоли он, аз таърихи басо қадима ва соҳиби забони тоҷикӣ-форсӣ будани халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

Дар ҷараёни семинар-машварат доир ба фарҳанги имлои забони тоҷикӣ, тарзи коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ ва меъёру талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» гуфта шуда, таъкид гардид, ки барои дар сатҳи баланд ва бо мазмуну мундариҷаи дуруст тибқи риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ таҳия гардидани мактубҳо минбаъд тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд