(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд аз санаи 18 март оғоз мегардадЧорабиниҳои наврӯзии шаҳри Хуҷанд аз санаи 18 март оғоз меёбанд.

Дар ин рӯз нахустин шуда сокинони маҳаллаи “Раззоқ” наврӯзи маҳалларо барпо хоҳанд кард. Дар кӯчаю гузарҳои маҳалла ҳунармандони мардумӣ маҳсулоти худро ба намоиш гузошта, анъанаҳои наврӯзии хуҷандро пешниҳод менамоянд.

Рӯзҳои минбаъда дар дигар маҳаллаҳо чорабиниҳои наврӯзи баргузор гашта, мардум аз рӯи урфу одатҳои худ омадани наврӯзро ид хоҳанд кард.

Тантанаҳои наврӯзӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд то санаи 27 идома меёбанд.

Мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҷлили Наврӯзи имсола санаи 22 март барпо карда мешавад.

Дар мавзеи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи К. Хуҷандӣ растаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, дар назди Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бошад, намоиши адабӣ-фарҳангии театрӣ, ва консерти устодони санъати вилояти Суғд, дастаҳои ҳунарӣ, гуруҳҳои рақсии “Чаманоро”, “Маҳастӣ”, “Парниён” ва “Зебо” ҳофизони ҷавон, ҳунармандони хонаҳои маданияти шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем,ки тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар 100 мавзеи шаҳр суманак пухта хоҳад шуд.

Санаи 21 март дар Қасри фарҳангии “Арбоб” баргузории тантанаҳои наврӯзии вилоятӣ пешбинӣ шудааст.