(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нимаи дуюми рӯзи 23 август бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бинои иловагии шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иншооти мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси вазорати корҳои дохилӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо харҷи наздик 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Бинои нав аз 10 утоқҳои кории барҳаво барои муфаттишони шуъбаи мазкур, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст, толори хурд, толори варзишӣ, толор барои машқи тирпарронӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо ҳайати шахсии шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия ёдовари намуда, ифтитоҳи бинои навбунёдро туҳфаи арзандаи Сарвари давлат дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзёби намуданд. Гуфта шуд, ки дар ҷавоб ба чунин дастгириҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ софдилона меҳнат намуда, дар самти ҳифзи манфиати давлату миллат, волоияти қонун ва пешгирии ҳамагуна зуҳуротҳои номатлуб бояд ҳиссаи арзанда гузоранд.

Зимни шиносоӣ бо шароити машқу тамрин дар толори варзишӣ ба меҳмонон маълумот дода шуд, ки дар ин толор барои машғул шудан ба машғулиятҳои варзишӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Минбаъд кормандони мақомоти милитсия барои ҷусту чолокӣ ва ҳифзи саломатиашон пайваста дар инҷо ба варзиш машғул хоҳанд шуд. Зеро саломатӣ омили асосии камолоти ҷисмоню нерумандӣ ва ноил гардидан ба музаффариятҳо мебошад.

Қобили қайд аст, ки дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 6 иншооти нав барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сохта ба истифода дода шуд. Бо беҳтар шудани шароити кору фаъолият ҳомиёни назму тартибот барои боз ҳам назаррас намудани натиҷаи фаъолият кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд