(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар доираи сафари кории Асосгузори сулхҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ва толори машқу тамрин дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тавре иттилоъ доданд сохтмони иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 оғоз гардида буд ва инак дар муддати кутоҳ сохтмони он ба анҷом расонида шуд.

Фармоишгари ҳавзи шиноварӣ идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчии он ҶДММ «ИС №5» мебошад. Иншоот бо харҷи 7-миллион сомонӣ бо назардошти талаботи зарури бунёд карда шудааст. Бино дорои 2 ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳо барои ивази сару либос, ҳаммом, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ, ва толори машқ барои дӯстдорони намуди варзиши каратедо чундокан мебошад.

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки вокеан дар замони сохибистиклолии мамлакат маҳз бо ғамхориҳои Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Рахмон соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар рушд карда, барои машғул шудан ба машқу тамрин ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд. Маврид ба зикри хос аст, ки иншоти мазкур дуюмин хавзи болопушидаи шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Гармидиҳии бино низ ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шудааст ва ҳарорати он дар фасли сармо бо се намуди гармидиҳӣ муътадил нигоҳ дошта мешавад. Яъне дар ин чо дустдорони шиноварӣ метавонанд дар чор фасли сол ва варзиш машғул шаванд. Барои иваз ва нигоҳ доштани ҳарорати оби ҳавзҳо системаи махсус амал мекунад.

Айни замон дар толори машқи каратедо чундокан варзишгарон ба омӯзиши нозукихои ин намуди варзиш машғул мебошанд. Маврид ба зикри хос аст, ки дар вақти корҳои сохтмонӣ 50-нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин буданд ва пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан 20-нафар ба кор чалб гардидаанд.

Атрофи ҳавзи шиноварӣ дар масоҳати 800-метри кватрати сафолакпуш ва 900-метри мураббаъ мумфарш карда шудааст. Ин ҳама ташаббусҳои созандагӣ дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи кишвар-30-солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон руи даст гирифта шудааст. Дар маҷмуъ то чашни 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Хучанд беш аз 500-иншоот бунёд ва ба истифода дода хохад шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд