(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода толори муосири варзиш ва толорҳои шоҳмоту шашка ва машқу тамрин ифтитоҳ гардид.

Толори варзишӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш бунёд гардид, ки имрўз дар фазои орому осуда бо шукргузорӣ аз истиқлолияту сулҳу ваҳдат мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони толори варзишӣ дар масоҳати 1220 м.м, соли 2018 аз ҷониби ширкати сохтмонии “Ирода - 2013” оғоз гардида буд. Ҳоло толори барҳаво бо тарҳи зебову замонавӣ иборат аз ду ошёна, бо тамоми шароити машқу тармим мавриди истифода қарор гирифт. Дар толор барои обутоби бадан, бозиҳои волейбол, футбол, баскетбол, гандбол шароит муҳаё карда шудааст. Ҳамчунин, дар ошёнаи дуюм тенниси рўимизӣ гузошта шуда, толори хурди фитнес, ки бо лавозимоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, мавҷуд аст. Толор аз утоқи кории омўзгорон, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва нуқтаи санитарӣ иборат аст. Бо баробари ба истифода додани толори варзишӣ бо 400 ҷойи нишаст, барои боз ҳам беҳтар машқу тамрин намудани донишҷўён, бахусус, дар фасли сармо шароит фароҳам гардид.

Меҳмонон аз толори варзишӣ дидан ба амал оварда, зикр доштанд, ҷавонон дар баробари омўзиши илму фан, бо истифода аз шароити созгор дар варзишгоҳи навбунёд пайваста ба машқу тармим машғул гардида, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, Тоҷикистони биҳисшосоямонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ хоҳанд кард. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷомеаи меҳнатӣ ва кормандону донишҷўёни ин боргоҳи маърифат дар оянда низ бо нерӯи тоза ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатиамон заҳмат мекашанд.

Бунёд ва ба истифода додани толори варзишии замонавӣ намунаи заҳмату меҳнатқаринӣ ва туҳфаи арзандаи ҷомеаи меҳнатӣ ва кулли кормандону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар остонаи 28-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” арзёбӣ гардид.

Дар интиҳо ҳайати меҳмонон кулли иштирокчиёнро ба ифтитоҳи толори варзишӣ табрик намуда, даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ дар самти тақвияти корҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбияи кадрҳои созанда дучанд саъю талош намуда, дар рушд ва ободии кишвар саҳмгузор бошанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд