(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt 22 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти дорои аҳамияти гуногун ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ташриф оварданд.

Меҳмони олиқадрро дар варзишгоҳи марказии ноҳия сокинони касбу кори гуногун, ҷавонон, дар маҷмӯъ зиёда аз 2500 нафар гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд