(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории лоиҳаи оҷонсии Рушди байналхалқии Амрико «Ҳамроҳ бихонем» ва ҳамчунин донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд дар истироҳатгоҳи «Шоҳин» омӯзиш оид ба тақвияти малакаи хониши омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ семинар баргузор гардид.

Дар омӯзиш 10 гуруҳ бо забони тоҷикӣ ва 3 гуруҳ бо забони тоҷикӣ бо фарогирии муовинони директор оид ба синфҳои ибтидоӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ва омӯзгорони беҳтарин аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷалб шуданд, ки онҳо минбаъд ҳамчун тренири сатҳи мактабӣ омода карда мешаванд.

Муаззама Яхёева, тренери сатҳи миллӣ оид ба лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» ба омӯзандагон машғулиятҳоро гузаронида аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳадафи аслии омӯзиш ба воситаи омӯзгорон тақвиятбахшии малакаи хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ буда, дар меҳвари асосии он рушднамоии паҳлуҳои гуногуни ташаккули дониш қарор дорад.

Ҳамзамон роҳу усулҳои ташакккули муносибати босалоҳият дар таълими синфҳои ибтидоӣ ва дигар муаммову паҳлуҳои хониши босалоҳият омӯзонида мешавад.

Иштирокдорони семинар дар ҷараёни кори он бо ҳам мубодилаи афкор намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд