(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд баргузории сатҳи баланди ҷашни наврӯзро талаб намудДар партави сиёсати ободкорӣ ва созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, таҷлили сазовори Иди наврӯзи аҷам Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки муовинон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои сохтмонӣ, шаҳрсозӣ, бахши кор бо маҳаллаҳо, кумитаи замин, идораи манзилию коммуналӣ, бахши фарҳанг ва кор бо занон ҷаласаи корӣ доир намуд.

Тибқи вазифагузории Раиси шаҳри Хуҷанд бояд то рузҳои таҷлили ҷашни навруз бояд майдони «Ситораҳои Хуҷанд» аз навсозӣ шуда, дар шоҳроҳи ба номи Исмоили Сомонӣ девораҳои қади роҳ ба масофаи 4 км аз нав карда мешаванд. Ҳамчунин роҳбарони сохторҳои коммуналӣ доири ба анҷом расондани маъракаи шинондани гулу гулбуттаҳо мувофиқи нақша миқдори онҳо наздик ду миллион хоҳад буд ва ниҳолҳои ҳамешасабз, ба миқдори 200 ҳазор дона бояд ба анҷом расонанд.

Дастур дода шуд, ки то санаи 18 моҳи ҷорӣ тамоми корҳои чароғонкунии шаҳри Хуҷанд ба итмом расонда шуда, шурӯъ аз санаи зикргардида бояд дар шаҳр тамоми чароғакҳои ороишӣ бо тарҳу намуди куллан нав насб карда шаванд. Дар корҳои ободонӣ иштироки фаъолони маҳалла ташаббускории роҳбарони кумитаҳои маҳалларо Раҷаббой Аҳмадзода ба таври алоҳида қайд намуд. Ташкили чорабиниҳои наврӯзӣ дар сатҳи баланд, ба намоиш гузоштани ҳунарҳои мардумии маҳаллаҳо, гузаронидани шанбегӣ, аз ҷумоаи корҳое буданд, ки Раиси шаҳр ба масъулони шӯъбаи кор бо маҳаллаҳо вазифагузорӣ карда шуд. Дар шаҳри Хуҷанд дар 100 мавзеъ суманак пухта хоҳад шуд. Барои ин як тонна гандум ба ҳаҷми лозима ҳезум, орд, равған аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ройгон дода мешавад.