(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Муҳтарам табибон!

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шумо, табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат ва собиқадорони муассисаҳои тиббиро бо Рўзи касбиатон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон умри дароз, сиҳату саломатӣ, рўзгори ободу осуда ва тамоми хушиҳои оламро таманно дорам.

Дар сатҳи баланди маънавию фарҳангӣ таҷлил кардани иди касбии кормандони соҳаи тиб, воқеан ба зодрўзи асосгузори тибби ҷаҳон, нобиғаи оламшумул, олим, файласуф, донишманд, классики адабиёти тоҷику форс ва энсиклопедисти беҳамто Абўалӣ ибни Сино рост меояд.

Соҳаи тандурустӣ ва умуман, ҳифзи сиҳатии омма, таҳти таваҷҷўҳи ҳамешагии роҳбарияти мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид доштанд: «Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки рушди соҳаи тандурустӣ таъмин карда шавад ва сокинони мамлакат ба хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд».

Ин аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода муҷаҳҳазгардонии таҷҳизотҳои муосири техникии тиббӣ бештар гашта, марҳила ба марҳила аз таъмиру таҷдид бароварда шуда истодаанд.

Дар ҳақиқат рушди бомаром ва ҳадафмандонаи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, тавсеаи шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим, шароити мусоид фароҳам меорад.

Мусаллам аст, ки фаъолияти самаранок ва ҳадафмандонаи ташкилоту корхонаҳо, аз ҷумла муассисаҳои тиббии кишвар бидуни фароҳам овардани заминаи мусоиди моддиву техникӣ ғайриимкон аст.

Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳоро дар соҳаи тандурустӣ самти афзалиятнок арзёбӣ намуда, маблағгузориро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим сол аз сол афзоиш дода, шароити инфрасохтори соҳаро ба талаботи замон мутобиқ гардонида истодааст.

Айни ҳол тавассути амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ дастрасии кўмакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии кишвар тавсеа ёфта, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома дорад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоxикистон дар соҳаи тандурустӣ дар маҷмўъ сохтмон ва таъмиру азнавсозии 10 адад муассисаҳои тандурустӣ ва марказҳои табобатию ташхисӣ ба нақша гирифта шуда, қисме аз онҳо аллакай ба истифода дода шуданд.

Аз ҷумла, таҷдид ва азнавсозии бинои нави стансияи ёрии таъҷилӣ дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд, ки санаи 31 июли соли 2019 бевосита бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Насим Олимзода ва раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Баистифодадиҳии стансияи ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии аввалияи тиббӣ барои беш аз 120 ҳазор аҳолии соҳили рости шаҳри Хуҷанд заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар маҷмўъ дар шаҳр 16 муассисаҳои тиббӣ фаъолият доранд, ки бо тамоми таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ва кадрҳои баландихтисос таъмин мебошанд.

Эътимоди комил дорем, ки кормандони соҳаи тандурустии шаҳр барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва ба ҳаёт татбиқ кардани тарзу усулҳои нав ба нави муолиҷа, мустаҳкам гардондани саломатии халқ, пешгирии интишори бемориҳо кўшиши бештар ба харҷ медиҳанд ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо – кормандони соҳаи тибро бо иди касбиатон табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо дар кори боифтихору пурмасъулиятатон баҳри ҳифзи сиҳатии ҷомеа комёбиҳо орзу мекунам.

Ҳамеша тансиҳату хонаобод бошед!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд