(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуби ҷомеа бо иштироки сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд силсилаи вохўриҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ, огоҳонидани шаҳрвандон аз ҷумла, вобаста ба савдои одамон, таблиғи арзишҳои миллӣ, ҷаҳонбинии дунявӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳангу либоспўшии ғайр, пешгирии шомилшавии занону духтарон ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротӣ аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт” пайваста гузаронида мешаванд.

Чунин вохӯрӣ чанде қабл дар маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки занони фаъол, собиқадор, тренири байналхалқӣ Махкамбой Каримов, доктори илми филологӣ Низомиддин Муродӣ сурат гирифт.

Чорабиниро сармутахассиси шўъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муқаддас Шодибоева оғоз карда оиди падидаҳоии номатлуби ҷомеаи имрӯза маълумот дод.

Дар ҷараёни мулоқот сўҳбати озод байни сокинону тренирон доир гардида сокинон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушахас гирифтаанд. Дар охир ба ҳар як иштирокчӣ маводҳои иттилооти тақсим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд