(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №26-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади сайқали маҳорат ва омӯзиши таҷрибаи якдигар машварати мудирони кӯдакистонҳои шаҳр баргузор гардид.

Дар кори машварат мавзуъҳои муҳими соҳа, аз қабили ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо падару модарон, ташкили фаъолияти таълими кӯдакони синни томактабӣ, ҳамгироии машғулиятҳои тасаввуроти оддитарини матемаикӣ ва суробсозӣ, рушди маҳорату малакаи кӯдакони синни томактабӣ оид ба ҳунарҳои мардумӣ, мутобиқшавии кӯдакон ба муасисаҳои таҳсилоти томактабӣ, нақши оила дар таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ, аҳамияти бозиҳои серҳаракат дар тарбия ва инкишофи ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ ва ғайраҳо ироа ва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар ҷараёни машварат иштирок ва суханронӣ намуд.

Аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаи таҳсилоти томактабии №26-и шаҳри Хуҷанд шеъру сурудҳои ватандӯстона манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд