(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Аҳли ҷомеаи меҳнатии маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил намуданд ва дар ин рӯз 26 нафарашон ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд.

Нахуст сардори маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Раҳмон Султонзода ба самъи кормандони марказ номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ироа намуд, ки дар он аз ҷумла таъкид шудааст: «Рушди бомаром ва ҳадафмандонаи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, тавсеаи шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим, шароити мусоид фароҳам меорад.

Мусаллам аст, ки фаъолияти самаранок ва ҳадафмандонаи ташкилоту корхонаҳо, аз ҷумла муассисаҳои тиббии кишвар бидуни фароҳам овардани заминаи мусоиди моддиву техникӣ ғайриимкон аст.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳоро дар соҳаи тандурустӣ самти афзалиятнок арзёбӣ намуда, маблағгузориро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим сол аз сол афзоиш дода, шароити инфрасохтори соҳаро ба талаботи замон мутобиқ гардонида истодааст. Айни ҳол тавассути амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ дастрасии кўмакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии кишвар тавсеа ёфта, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома дорад.

Сипас, Наим Маликисломӣ, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир ба дастовардҳои замони Истиқлолият ҳарф зада, аз ҷумла зикр дошт, ки «Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ ҳисси милливу ватандории мардуми тоҷик торафт баланд шуда, ин омили муҳим хурду бузурги Тоҷикистонро ба ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, ободии Ватан ва пешрафта гардонидани давлат нерӯ мебахшад. Дар баробари ин, муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ, таърихи пурифтихори миллат ва ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунпарварамон моро барои ҳарчи бештар аз худ кардани дастовардҳои ҷаҳони муосир, пешрафти илму техника ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам, яъне баробар бо ҷомеаи пешрафта қадам бардоштан ҳидоят ва водор менамояд. Яъне мо ҳар қадар Ватанамонро дӯст дорем, бояд ҳамон андоза кӯшиш намоем, ки аз ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ пешраванда қафо намонем, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш диҳем, арзишҳои илму фарҳанги умумибашарӣ, дастовардҳои техникаву технологияи муосир ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омӯзем ва кӯшиш кунем, ки мисли ниёгони некноми худ ба тамаддуни башарӣ ҳиссаи арзишманди худро гузорем.

Наим Маликисломӣ аз хизматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президентим мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки дар тӯли 28 соли истиқлолият дар ҷумҳуриамон бо кӯшишу заҳматҳои Роҳбари Давлат иншооти муҳими дорои аҳамияти давлатӣ, аз қабили неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, кони гази Хоҷасартез, таҷдид ва сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа — Данғара-Кӯлоб, Кӯлоб — Қалъаи-Хумб — Мурғоб-Кулма, шоҳроҳи Қароқурум — Шкев-Зиғар, Шоғун – Зиғар, марҳилаи 1 ва 2, Душанбе-сарҳади Қирғизистон (марҳилаи 1 ва 2), хатҳои баландшиддати «Лолазор-Хатлон», «Ҷануб ва Шимол», нақби мошингарди “Чормағзак”, “Шаҳристон”, “Шар-шар”, “Анзоб” ва як қатор корхонаҳои хурду бузург ба истифода дода шуданд. Инчунин сохтмони НБО “Роғун” ва дигар иншооти муҳими давлатӣ босуръат идома дорад.

Дар анҷоми баромади худ Наим Маликисломӣ ҷомеаи меҳнатии маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷандро бо Иди касбиашон табрику таҳният гуфта, ба 26 нафар кормандони марказ гувоҳномаҳои ҲХДТ-ро тақдим намуда, 10 нафар кормнадони фаъолро бо туҳфа ва сипономаҳо қадршиносӣ кард.

Аз ҷониби роҳбарияти маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд кормандони беҳтарини соҳа туҳфаҳо супорида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд