(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварон, муовинони сарвар оид ба таълиму тарбия, синфҳои ибтидоӣ, равоншиносон, сармуҳосибон, роҳбарони созмонони талабагӣ, идоракунии сифати таълим, маркази рушди истеъдодҳо, иттифоқҳои касабаи муассисаҳои таълимии шаҳрии Хуҷанд машварати омӯзишӣ ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониши 2019-2020 баргузор гардид.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири маорифи шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни машварат шинос гардида, бо роҳбарони сохторҳои соҳаи маориф ва масъулини он дар макотиби шаҳр суҳбати озоду ошкоро намуд.

Таъкид гардид, ки имрӯз аз ҷониби Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати пиёда намудани сиёсати маорифпарварони Асосгузори сулҳу Ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд андешида мешавад. Бунёд, таъмиру азнавзосии муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, дастгирии молии соҳибистеъдодҳо, ҳавасманднамоии ғолибони олимпиадаю озмунҳои байналмилалӣ ва ғайра аз тадбирҳои амалишуда дар ин самт ба шумор меравад.

Сипас дар синфхонаҳои алоҳида бо ҳузури роҳбарон ва масъулини сохторҳои гуногун, аз ҷумла сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр машваратҳои назариявӣ дар мавзуъҳои мухталиф гузаронида шуданд.

Аз ҷумла, аз ҷониби нотиқон маърӯзаҳо дар мавзуъи татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим, дастоварду мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли он, тартиби ташкил ва гузаронидани атестатсияи кадрҳои роҳбарикунанда ва кормандони соҳаи маориф, томӯзиши роҳҳои фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни дарс, идоракунӣ ва нақши роҳбари муассиса дар муҳайё намудани муҳити мусоиди корӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳавасмандии кормандон ва ғайра ироа гардила, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд