(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар МТМУ№19-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 1000 нафар омӯзгорон машварати августии роҳбарони иттиҳодияи методии муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ҳамаи фанҳо баргузор гардид.

Дар синфхонаҳои алоҳида бо ҳузури муаллимони тахассусӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, математика, таърих ва ҳуқуқ, забони англисӣ, химия, биология, экология, география, суруд ва мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, технологияи иттилоотӣ ва ғайра бо назардошти мавзуъҳои тавсияшудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷрибаю эҷодкор машғулиятҳо гузарониа шуданд.

Намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ҳадафи ташкили чунин машғулиятҳоро такмили маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф, омӯзиш, тарғиб ва истифодаи таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ, ҷалби омӯзгорон ба корҳои илмӣ-методӣ ва ширкати онҳо дар озмоишҳои педагогӣ унвон намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ҷараёни машғулият омӯзгорон барнома ва нақшаҳои таълимиро низ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд