(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар назди кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маркази “Ваҳдати оила” таъсис дода шуд, ки бо мақсади таҳкими оила дар ҷомеа нигаронида шудааст. Ба ин муносибат дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки аъзои Шӯрои занон ҷаласаи нахустини он баргузор гардид. 

Фирӯза Раҳимӣ, мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд гуфт, ки оилаи солим омили пойдории ҷомеаи солим буда, рушду пешрафти давлат аз фазои орому осудаи оила маншаъ мегирад.

Таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масоили марбут ба оиларо дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, барои ҳимояи оила ва манфиатҳои он, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва баробарии гендерӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Ҳамзамон, собиқадорони ҳизб Мукаррама Неъматова, Хайриниссо Темирова ва Сабоҳат Бобоҷонова перомуни баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳо суханронӣ намуданд.

Қайд шуд, ки маркази навтаъсиси : “Ваҳдати оила” бо ҷалби занони фаъоли ҷомеа ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳо дар маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат дода, барои таҳким ва пойдории оила фаъолият мебарад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд