(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Дар Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ва кормандони беморхона аз Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода табибони беморхонаро бо Иди касбиашон таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки соҳаи тандурустӣ ва умуман, ҳифзи сиҳатии омма, таҳти таваҷҷўҳи ҳамешагии роҳбарияти мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид доштанд: «Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки рушди соҳаи тандурустӣ таъмин карда шавад ва сокинони мамлакат ба хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд». Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муҷаҳҳазгардонии таҷҳизотҳои муосири техникии тиббӣ бештар гашта, марҳила ба марҳила аз таъмиру таҷдид бароварда шуда истодаанд.

Таъкид гарид, ки дар ҳақиқат рушди бомаром ва ҳадафмандонаи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, тавсеаи шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим, шароити мусоид фароҳам меорад.

Сипас ба собиқадорон ва кормандони пешсафи беморхона Сипоснома ва туҳфаҳои Раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода як адад аробачаи маъюбӣ, таҷҳизоти тибии ультразвуковой ингалятор ва таҷҳизоти электролити тӯҳфа гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ҳамаи кормандони беморхонаро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар ҷодаи фаъолияти кориашон барору комёбиҳо таманно намуда, туҳфаҳои ҳизбиёнро тақдим дошт.

Роҳбарияти беморхона аз ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ болида гардида, ба роҳбарияти Давлату Ҳукумат миннатдорӣ баён намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд