(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Кулли кормандони соҳаи сохтмонро бо иди касбӣ, иди меҳнат, созандагӣ ва бунёдкорӣ - Рўзи сохтмончиён сидқан аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, рўзгори обод ва дар меҳнати пурифтихорашон баҳри ободию шукуфоии кишвари азизамон муваффақиятҳо хоҳонам.

Бинокорони сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба вусъат додани корҳои сохтмону ободонӣ бахшида ба ҷашни дар пешистодаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешаи худ намуда, баҳри иҷрои ин рисолати пуршараф кўшишу ғайрати зиёд доранд. Ин мардуми меҳнатқарину офаранда азм доранд, ки зиндагии инсонҳо ободу зеботар ва шаҳрамон боз ҳам тозаву дилработар гардад.

Давоми чанд соли охир қомат афрохтани биноҳои таъиноти иҷтимоию истеҳсолӣ, таъмири кўчаю роҳҳо, бунёд ёфтани даҳҳо иншооти хоҷагии халқ, боғҳо, хиёбону гулгаштҳо, мактабҳои замонавӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бисёр дигар иншоотҳо, ки ба ҳусни маркази вилояти овозадори Суғд - шаҳри ҳамешаҷавони Хуҷанд ҳусни тоза зам мекунад, эъҷози дастони гулофари бинокорон ва рисолати азалии авлоду аҷдоди сарбаланди мо мебошанд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин муносибат аз тарафи раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода эълон гардидани 1300-рўзи ободониву бунёдкорӣ, дар шаҳри Хуҷанд бунёду сохтмони зиёда аз 500 адад иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ шудааст.

Дар иртибот ба ин бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр аллакай садҳо адад иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ ва истеҳсолию саноатӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум заминаи воқеӣ гузошта, ба ҳусну таровати шаҳр шукўҳу шаҳомати хосае зам намуданд.

Аз ҷумлаи ин иншоотҳо, бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ дар микроноҳияи 19-уми шаҳри Хуҷанд, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди бинои Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ, ки бо тарҳи хеле зебои миллӣ қомат афрохтааст, маҷмааи “Роҳи танобӣ” бо дарозии 1 киллометр аз Боғи фарҳангӣ-истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва тарабхонаи замонавии “Темурмалик” дар соҳили дарёи Сир мебошанд, ки бо заҳматҳои шабонарўзӣ ва касбияти бинокорон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар маҷмўъ дар нимсолаи аввали соли 2019 дар доираи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд зиёда аз 133 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки бевосита аз ғайрату кўшиши бинокорону сохтмончиёни арҷманди шаҳрамон бунёд гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд меҳнати бунёдкоронаи сохтмончиёнро ҳамеша қадр мекунад ва умед аз он мебандад, ки минбаъд низ бинокорони шаҳрамон рисолати бунёдкоронаи худро идома бахшида, баҳри пурра сохта ба истифода додани тамоми он иншоотҳое, ки тибқи наrшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиrлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоxикистон ба нақша гирифта шудааст, саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.

Бо чунин таманниётҳои нек бори дигар кулли кормандони соҳаи сохтмони шаҳри Хуҷандро бо иди касбиашон - Рўзи сохтмончиён табрику муборакбод намуда, барояшон тансиҳативу хонаободӣ ва дар ҷодаи обод ва хушманзар намудани диёр барори кор ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Идатон муборак сохтмончиёни азиз!



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд