(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд ҷаласаи васеъ дар самти корҳои омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбии даъвати тирамоҳи соли 2019 баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода, прокурори ҳарбии горнизони вилояти Суғд полковники адлия Абдуқодир Нуров, комиссири ҳарбии вилояти Суғд генерал майор Назар Назарзода, муовини якуми Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, раиси комиссияи даъвати ҳарбӣ, сардори ШВКДҶТ дар шаҳри Хуҷанд, аъзои комиссияи даъват, комиссари ҳарбии шаҳр, кормандони комиссариати ҳарбӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо ва сохторҳои воҳидии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони макотиби олии шаҳр, коллеҷҳо, литсейҳои касбӣ техникӣ, сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолон ҳузур доранд.

Маъруф Муҳаммадзода иттилоъ дод, ки дар баррасии рӯзномаи ҷаласа танҳо як масъала: «Омодагӣ ба маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ» мавриди таҳлил қарор дода мешавад.

Сипас, ҳисоботи комиссари ҳарбии шаҳр подполковник Расул Абдуллозода шунида шуд. Комиссари ҳарбии шаҳр зикр намуд, ки ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 26 06 2019 «Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2019 шаҳрвандони соли таваллудашон 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ» аз ҷониби масъулин корбарӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Минбаъд тадбирҳои муҳим дар ин самт роҳандозӣ мегарданд.

Дар ҷараёни ҷараёни ҷаласа аз фаъолияти сусти комиссириати ҳарбӣ интиқод карда шуд. Аз ҷумла прокурори ҳарбии горнизони вилояти Суғд полковники адлия Абдуқодир Нуров фаъолияти кормандони комиссириати ҳарбии шаҳрро ҷиҳати омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2019 нокифоя арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки худи кормандони ин ниҳод бояд ба дигар сохторҳо намуна бошанд, фаъолнокӣ зоҳир намоянд. Баҳри ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақшаву дурнамои муайян дошта бошанд. Мутаасифона кор ранги дигар дорад.

Муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода аз раиси комиссияи даъвати ҳарбии шаҳр, муовини якуми Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода ва дигар масъулини дахлдор доир ба корҳои анҷомдода пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи даъват, бахусус дар самти бақайдгирии шаҳрвандони синни даъват, ҷалби муҳассилин ба мактаби муттаҳидаи техникии ҷамъияти ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Аз роҳбарони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ақди никоҳ, шуғли аҳолӣ, муҳоҷират, маориф ва фаъолон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамоҳангиро бо комиссияи даъвати ҳарбӣ, бахусус комиссирати ҳарбӣ ҷоннок намуда, бо роҳандозии корҳои тарғиботӣ ташфиқотӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ҳарбӣ ватандӯстии шаҳрвандон баҳри иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ мусоидати фаъол намоянд.

Дар анҷоми ҷаласа таъкид шуд, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои ба роҳ мондани фаъолияти муназзами ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонида, ба уҳдаи онҳо иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршарафи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллату давлат, таъмини сулҳу субот ва амнияти шаҳрвандонро вогузор намудааст. Мо – ҳама хурду бузурги кишвар, алалхусус фаъолон вазифадорем, ки шукронаи истиқлолият, сулҳу оромӣ ва сарҷамъиву ваҳдати миллиамонро эҳтиёт кунем ва доим дар андешаи ободиву ҳифзи Ватанамон буда,садоқат ба Пешвои миллат, Давлату Ҳукумат ва сарзамини аҷдодиро фаромӯш насозем. Ҳифзи Ватан, ору номус, матонат ва ҳимояти марзу бум вазифаи ҷонии ҳар фарди кишвар аст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд