(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастархони сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд бо мусоидати роҳбарияти шаҳр дар 10 минтақаи шаҳри Хуҷанд «Гӯшаи деҳқон» ташкил карда шуд.

Ташкили «Гӯшаҳои деҳқон» дар маҳаллаҳои «Темурмалик», «Суғдиён», «Мевағул», «Ваҳдат», «Дӯстии халқҳо», «Чорчароғ», «Масчиди савр» ва ғайраҳо имкон фароҳам овардааст, ки мардум маҳсулоти тару тоза ва бо нархҳои дастрасро бидуни миёнарав аз дасти якум харидорӣ намоянд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки бо боло рафтани сатҳи зиндагӣ, мардум одат намудааст, ки молу маҳсулоти ниёзи аввал ва анвои ба рӯзғор сарфшавандаро аз наздиктарин ҳудуди маҳалли зисташ харидорӣ намояд. Ташкили чунин «Гӯшаҳои деҳқон» имкон фароҳам меорад, ки мардум маҳсулоти арзону дастрасро дар шароити хуб ба даст орад.

Холида Ҷӯраева, сокини микроноҳияи 8-уми шаҳри Хуҷанд ташкили чунин «Гӯшаҳои деҳқон»-ро талаби замон унвон намуда, таъкид дошт, ки мардум аз маҳсулоти қимату «гармшуда» ба қавле қимоб шуда буданд. Чун имруз мебинад, ки худи деҳқонон ва ё сокинони боинсофи маҳал худ маҳсулотро оварда ба ҳамсояашон фурӯхта истодаанд. Ин шароит барои он деҳқононе, ки солҳои қабл тариқи нақлиёти боркаш дар шароити ғайрисанитарӣ ба мардум пешкаш менамуданд, хеле қулай ва ҷолиб аст.

Чунин иқдом ҳамзамон ҷиҳати пешгирии болоравии нархи маводи озуқа мусоидат хоҳад намуд. Ҳамзамон «нақш»-и ҳаннотони бозор низ аз байн хоҳад рафт.

Карим Раҳимов, сокини маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳр ба он назар аст, ки ташкили «Гӯшаи деҳқон» ва ё худ бозорчаҳои назди микроноҳияҳо дар кишварҳои минтақа ва шаҳрҳои пешрафта бештар ба мушоҳида мерасанд. Хеле хуб, ки шаҳрдорони Хуҷанд чунин иқдомро амалӣ намудаанд. Ин барои деҳқонон имконияти хуби тавсеаи фаъолият аст».

Ҷоиз ба зикр аст, ки «Гӯшаи деҳқон» барои то 10 нафар ҷойи фурӯшӣ пешбинӣ шуда, нафароне, ки дар он молу маҳсулоти хоҷагии кишоварзиро мефурӯшанд аз пардохти андоз ва ҷойпулӣ комилан озод мегарданд.

Воқеан ҳам маҳсулоти кишоварзӣ яке аз ғизоҳои аввалини инсоният буда, дар замони муосир истеҳсолкунандагон онро дар шаклҳои нав ва дар шароитҳои арзандаи мувофиқ бо талаботи санитарию эпидемологӣ барои истеъмолкунанда пешниҳод месозанд. Инчунин тибқи тақозои замон, ҳангоми парвариш ба таркиб, ҳаҷм ва шаклу намуди он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд, то барои солимии инсон осебе нарасад. Талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҳам ҳамин аст, ки дар шароити тағйирёбии иқлим маҳсулоти кишоварзӣ бе осеб боқӣ монад.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки ин иқдоми роҳбарияти вилояту шаҳр дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳайё намудани шароити арзанда ба мардум қадами устувору қатъӣ мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд