(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Тибқи нақшаи корӣ Раиси шаҳри Хуҷанд, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Маъруф Муҳаммадзода дар бинои Шӯрои Иттифоқи касабаи вилоят бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Бофанда №2 мулоқот анҷом дод.

Нахуст вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оид ба Истиқлолият ва дастовардҳои он маълумот дода аз ҷумла афзуд, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон санаи 9 сентябри соли 1991 чун Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Дар ҳақиқат Истиқлолият ганҷи бебаҳо, неъмати азизтарин барои мардуми тоҷик аст, ки воқеан дар дарозои бисту шаш сол кишвари моро таҳти раҳнамоиҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сўи музаффариятҳои бузург ҳидоят намудааст.

Таъкид шуд, ки Истиқлолият ганҷи бебаҳо, неъмати азизтарин барои мардум аст. Тавре ки аз таърихномаи миллат аён аст, мардуми шарифи тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва ин ҷанги бемаънӣ барои аз байн рафтани миллати тоза ба истиқлолият расида, сахт таҳдид дошт. Ба Хуҷанди бостон оташи ҷанги шаҳрвандӣ нарасида бошад ҳам, аммо, оқибатҳои он дар шакли норасоии нон, ба ҳалокат расидани ҷавонон-аскарбачаҳои ба хизмати аскарӣ рафта омада расида буд.

Хушбахтона, хиради азалии мардуми тоҷик боло гирифт ва дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ва барпо гардид, ки дар он марди ҷасуру ватанхоҳ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олӣ интихоб гардид. Сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ нуқта гузошт ва имсол ба баргузории он Иҷлосияи таърихиву тақдирсоз 28 сол пур мешавад.

Маъруф Муҳаммадзода хамзамон доир ба нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки он аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ иборат мебошад ва дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар асоси 16 банди нақшаи чорабинии мазкур бо харҷи 102,8 миллион сомонӣ корҳо амалӣ шуда, 133 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ бунёд шудааст. Аз ҷумла дар соҳаи маориф 4 иншоот, фарҳангию фароғатӣ 5 иншоот, 3 адад нуқтаҳои савдо ва хизаматрасонӣ, 8 адад бинои истиқоматии баландошёна ва 83 иншоотҳои ҳаётан муҳим сохта шудааст. Дар ин замина 164 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳр Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода доир ба мазмуну муҳтавои қарорҳои иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум, ки рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №79 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” баррасӣ намуд, маълумоти муфассал дод.

Дар ҷараёни мулоқот интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Бофанда №2, аз ҷумла Зарифҷон Раҳматов, Турсун Қодиров, Раҳим Раҳимов, Саломат Мақсудова доир ба муаммоҳои гуногуни ҷомеа ва пешниҳодоти мушаххас дар самти ободонии шаҳр андешаҳои хешро баён доштанд.

Бояд қайд намуд, ки чунин мулоқотҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд дар дигар ҳавзаҳои интихоботӣ низ баргузор гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд