(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Табрикоти  Раиси шаҳри Хуҷанд  бахшида ба Рӯзи модаронМодарони азиз!

Хоҳарони арҷманд!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти том ҳар яки Шуморо бо иди 8-уми Март – Рӯзи модарон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрику муборакбод менамоям. Барои Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори ободу осуда, бахту саодат ва барори кор таманно мекунам.

Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди шумо - модарони азиз, дар ҷомеаи мо мебошад. Ҳамаи шуморо дар ин рӯзи мубораку хуҷаста, ки ба оғози зеботарин фасли сол – баҳори гулбасар ва арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврӯзи оламафрӯз баробар омадааст, самимона табрику таҳният гуфтан боиси ифтихору сарбаландист.

Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».

Заҳматҳои беназири зан – модар дар ҳаққи фарзанд, инчунин ба хотири ободиву оромии кишвар моро водор месозад, ки қадру қиммат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо орем ва барои ӯ шароити мусоиде омода кунем, ки дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифатро тарбия намояд.

Мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд.

Мақому манзалати зан дар ҷомеаи мутамаддини мо ҳамеша болост ва дар ин маврид ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат, таваҷҷӯҳи сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилоятамон мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, диққату эътибори доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр нисбати занону духтарон, баланд бардоштани мавқеъ ва мартабаи зан дар ҷомеа дарку эҳсос мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои охир як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонид, ки ҳамаи онҳо, пеш аз ҳама барои таъмини зиндагии осуда ва баланд бардоштани мақому манзалати зан – модар дар ҷомеа нигаронида шудаанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо - модарони азизу арҷмандро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба аҳли хонаводаи Шумо бахту саодат, ободиву осоиш ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям!

Идатон муборак, модарону хоҳарони азизу арҷманд!



Раиси шаҳр                                                                                              Раҷаббой Аҳмадзода