(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар Арт-галерияи «Сомониён»-и шаҳри Хуҷанд намоиши мусаввараҳои рассомони шаҳру вилоят бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз асарҳои офаридаи ҳунармандони соҳибистеъдод дидан карда, ба онҳо баҳои баланд дод. Бояд қайд намуд, ки дар 3 толори намоишгоҳ беш аз 50 санъати тасвирӣ ба тамошо гузошта шуда буданд. Дар офаридаҳои рассомони шинохта шаҳру вилоят бо санъати баланд шоҳкориҳои наққошию рассомӣ ва дӯзандагии тоҷик дар мавзуъҳои мухталиф мунъакис гардида буданд, ки аз тахайюлоти бою рангин ва зебоипарастии муаллифонаш шаҳодат медод. Инчунин рассомон дар мусаввараҳои худ табиати зебои ватанамонро инъикос намудаанд. Бахусус офаридаҳои Ғафурҷон Ҷӯраев, Далер Усмонов, Абдуҳаким Хокироев, Наим Муъминов, Дилором Мамадҷонова, Карим Муъминов, Восит Абдураҳмонов ва дигарон аз истеъдод ва маҳорати баланди онҳо шаҳодат медод.

Маъруф Муҳаммадзода зимни ошноӣ бо офаридаҳои рассомон таъкид дошт, ки санъати тасвирӣ ва дигар анвои ҳунармандӣ марбут ба рассомӣ аз анъанаҳои миллии тоҷикон маҳсуб ёфта, моро дар ҷаҳон муаррифгар аст. Аз ин дидгоҳ таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин санъати бадеъӣ хеле зиёд аст ва пайваста таъкид менамоянд, ки баҳри рушду инкишофи он сайъ намоем. Дар шаҳри Хуҷанд чунин заминаи мусоиди фаъолият ва муаррифӣ вуҷуд дорад.

Шаҳрдор гуфт, ки бояд мавзуъҳои офаридаи рассомон бештар доир ба Ваҳдат, дӯстии байни миллатҳо, худшиносиву худогоҳӣ, хештаншиносӣ бахшида шавад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд омодааст, ки онро харидорӣ ва ташвиқ намояд.

Воқеан ҳам офаридаҳое аз қабили «Истиқлолият», «Кӯҳи фон», «Шукронаи Ваҳдат», «Шаҳристон», «Тути калон», «Интизорӣ», «Сурхоб», «Угук», «Қалъаи Хуҷанд», «Баҳор», «Гуландом», «Навои Баҳор», «Баҳри Қайроққум», «Кӯчаи ман», «Вохӯрӣ дар кӯҳ» ва ғайраҳо таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб менамуд.

Ба роҳбарияти Арт галерияи «Сомониён» дастур дода шуд, ки ҷиҳати ташкили бештари чунин намоишгоҳҳо тадбирҳо андешанд, ки дар он ашхоси касбу кори гуногун ва сайёҳони дохилию хориҷӣ ширкат варзида бо дастранҷи ҳунармандони шаҳр ошноӣ пайдо намоянд.

Бо назардошти муаррифии беш ва ҳузури сайёҳони хориҷӣ дар ин макон ба харитаи сайёҳии вилоят ворид намудани Арт галерияи «Сомониён» мувофиқи мақсад дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки Арт-галереяи «Сомониён» ҳамчун маркази намоиши асарҳои тасвирӣ аз соли 1998 фаъолияти худро оғоз намуда, дар тӯли беш аз 20 сол, зиёда аз 170 намоиши хурду бузурги рассомонро ба маърази тамошо гузоштааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд