(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Тибқи нақшаи чорабиниҳои Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш дар маҳаллаҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, алалхусус ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, рушди намуди варзиши футбол ҳамзамон дар самти татбиқи босамари Барномаи маҳаллии рушди футбол дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2017-2021 санаҳои 24-16 июли соли 2019 мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол барои дарёфти мукофоти «Тўби чармин-2019» байни наврасони солҳои таваллудашон 2006-2007, 2004-2005 ва 2002-2003 баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур дар замони таътили тоистонаи хонандагон дар майдони футболи Муассисаи давлатии варзишии №1 шаҳр ташкил ва гузаронида шуд. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 200 нафар футболбозон дар ҳайати 16 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Бозиҳои финалӣ байни футболбозони соли таваллудашон 2002-2003 байни дастаҳои гимназияи №4 ва МТМУ №11 баргузор гардида, дастаи футболбозони гимназияи №4 ғолибият ба даст оварданд. Ҳамин тавр дастаи футболбозони МТМУ №11 сазовори ҷои дуюм ва дастаи футболбозони МТМУ №5 зинаи сеюмро соҳиб шуданд.

Байни футболбозони соли таваллуди 2004-2005 сазовори ҷои якум дастаи МТМУ №21, сазовори ҷои дуюм дастаи гимназияи №4, ва дастаи МТМУ №20 сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Дар мусобиқаи футболи наврасони соли таваллудашон 2006-2007 сазовори ҷои якум дастаи гимназияи №4 , ҷои дуюм дастаи МТМУ №16 ва сазовори ҷои сеюм дастаи МТМУ №22 гардиданд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода иштирок намуда, ғолибон ва бозингарони беҳтаринро муборакбод намуда, онҳоро бо ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд