(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар шаҳри Хуҷанд баҳри дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 аз тарафи 12 адад ташкилотҳои қарздиҳӣ ва бонкҳо ба маблағи 175,0 млн. сомонӣ қарзҳо ба 4584 нафар соҳибкорон дода шудааст, ки аз миқдори умумии ин нишондиҳанда 1906 нафар занҳо ва 936 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 ба миқдори 64,3 млн. сомонӣ ё 58,2 дар сад зиёд барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба соҳибкорон маблағ ҷудо гардидааст.

То имрўз аз ҷониби ду ширкат, яъне Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ношир” вобаста ба рушди ширкат ва истеҳсоли маҳсулотҳои матбуотӣ ва банду басти маҳсулотҳо бизнес-нақша ба маблағи 1 млн. сомонӣ, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ростон” барои ривоҷ додани кор ва азхуд намудани маҳсулотҳои нав аз он ҷумла, мехҳои худбур бизнес-нақша ба маблағи 0,5 млн. сомонӣ ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шероз” барои ба роҳ мондани фаъолияти дўзандагӣ ба маблағи 1,6 млн. сомонӣ бизнес-нақша ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст, ки бояд дар ҷаласаи Шўрои нозирони Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” мавриди баррасӣ қарор гирад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд