(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар шаҳри Хуҷанд оид ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

Мувофиқи маълумоти расмӣ дар санаи 1 июли соли 2019 теъдоди соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳр ба 8366 нафар расида, аз онҳо 5820 нафар бо патент ва 2546 нафар бо шаҳодатнома фаъолият доранд. Дар ин давра 592 нафар бо патент ва 157 нафар бо шаҳодатнома фаъолияти соҳибкории худро оғоз намуданд, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли 2018 фаъолияти соҳибкорӣ бо патент 25 адад ва бо шаҳодатнома 52 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Аз миқдори умумии бо фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда 36,5 фоизи онҳоро занҳо ташкил дода, 2774 нафар бо патент ва 289 нафар бо шаҳодатнома фаъолият мебаранд.

Баҳри ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, истифодаи мақсадноки захираҳои табиӣ ва нерўи инсонии минтақа якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ, дар мисоли сохтмони коргоҳи коркарди пўст ба маблағи 12,5 млн. доллари амрикоӣ, фабрикаи пойафзолбарорӣ ба маблағи 12,6 млн. доллари амрикоӣ, коргоҳи истеҳсоли зарфҳои шишагин ба маблағи 17,0 млн. доллари амрикоӣ, коргоҳи коркарди мева ва истеҳсоли консерва ба маблағи 11,7 млн. доллари амрикоӣ, яхдону сардхонаҳои гуногунҳаҷм ба маблағи 3,1 млн. доллари амрикоӣ, фабрикаи дорусозӣ ба маблағи 45,0 млн. доллари амрикоӣ ва фабрикаи қаннодӣ ба маблағи 3,5 млн. доллари амрикоӣ мавриди омодасозӣ қарор гирифтааст.

Дар ин давра ҳаҷми умумии сармоягузориҳо 7,5 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла, сармояи хориҷӣ 2,9 млн. доллар ва сармояи дохилӣ 4,6 млн. долларро ташкил менамояд. Ҷалби сармояи хориҷӣ асосан барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва беҳтаргардонии вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон равона шуда, сармояи дохилӣ бошад, дар соҳаи манзилию иҷтимоӣ, яъне сохтмони биноҳои истиқоматӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ равона шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд