(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳр занони идораҳои коммуналии шаҳрро табрик намудДар Театри тамошобини наврас ба номи Одилҷон Назаров бахшида ба «Рӯзи модар» ҷамъомади идонаи кормандон-занони муассисаҳои хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Сароғоз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши асарҳои рассомон ва ҳунармандони ҳунарҳои халқии Мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд бо унвони «Модари ман беҳтарин» дидан намуд. Намоиш ба «Рӯзи модар» бахшида шуда, рӯзи дигар асарҳои беҳтарини пешниҳодгардида муайян ва қадрдонӣ хоҳад шуд.

Сипас ҷаласаи идонаи бо суханони табрикотии Раҷаббой Аҳмадзода оғоз гардид. Ҳамаи ҷамомадагонро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо санаи неку фархунда самимона табрик намуда, бобати саҳми арзандаи занони соҳа дар ободонию зебогии шаҳр сухан намуд. Раиси шаҳр занони идораҳои коммуналии шаҳрро табрик намудИмрӯзҳо дар идораи партовкашонӣ, муассисаҳои кабудизоркунӣ, комбинати ободонӣ, истифодабарии манзил ва дигар коргоҳҳои Сарраёсати ободонӣ,хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ, зиёда аз 500 нафар занону модарон заҳмат мекашанд.

Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳамаи 500 нафар занон, ширкаткунандагони ин тантана тӯҳфаҳои хотииравӣ супорида шуданд.

Аз ҷониби ҳунармандони Театри тамошобини наврас ба номи Одилҷон Назаров ба ҳозирон намоиши адабӣ-консертӣ пешкаш гардид.