(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Тавре, ки иттилоъ дода будем, субҳи имрӯз дар назди Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсули "Корвони китоб"-и муассисаи давлатии нашриёти «Адиб» ташкил гардид, ки аз он Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода боздид ба амал овард.

Маъруф Муҳаммадзода дар ҳузури роҳбарияти муассисаи давлатии нашриёти «Адиб», шоиру нависандагон ва дӯстдорони китоб гуфт, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳари пурқимат эҳтиёт мекарданд. Зеро халқи мо аз даврони қадим китобро ҳамчун сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсӯҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд.

Шаҳрдор гуфт, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру манзалати китоб дар ҷомеаи имрӯзаи мо хеле боло рафтааст. Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз намунаи чунин сиёсати хирадмандона мебошад.

Роҳбари муассисаи давлатии нашриёти «Адиб» шоир Давлат Сафар ба шаҳрдор гуфт, ки китоб нуру рӯшноии ҷомеа маҳсуб мешавад ва бояд аҳли ҷомеаро ба сӯи созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят созад, баъди мутолиаи китоб ҳар фард ҳамеша дар фикри пешрафту такомули илму фарҳанг, рушди забон ва ҳифзи тозагии он ва гузашта аз ин, дар андешаи таҳкими суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва дифоъ аз манфиатҳои миллат ва давлат мешавад. Хурсандии моро ҳадду канор надорад, зеро шумо Раиси арҷманди шаҳри Хуҷанд аз намоиш фурӯши маҳсули нашриёти «Адиб» боздид намудед.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баъди шиносоӣ аз анвои гуногуни китобҳо ба миқдори 460 адад китобро ба маблағи беш аз 10 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ба масъулини дахлдор дастур дод, ки онро ба хазинаи китобхонаи шаҳрӣ ва муассисаҳои соҳаи фарҳангу маориф тақдим намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд