(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Субҳи имрӯз дар назди Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд маъракаи пуршукуҳ ба ифтихори омадани "Корвони китоб"-и муассисаи давлатии нашриёти «Адиб» сурат гирифт.

Аҳмадҷони Раҳматзод, Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни чаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсату иктисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд. Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавӣ, зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд.

Ба таъбири халк: «Хонаи бе китоб рўзи беофтоб » аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрўз низ дар Точикистони соҳибистиклоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рўз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хонаи маънавии мардум гузошта мешавад.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд зимни баромади худ таъкид дошт, ки кулли одамони бомаърифати олам китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. Боиси ифтихору шукргузорист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе китобхонаи бошўкўҳ бунёд гардид ва дари худро ба рўи муштариёнаш боз намуд. Ин иқдоми нек ҷавонони хушбахти замони истиқлолият туҳфаи беназири таърихӣ буд. Китоб ба хонанда маънӣ медиҳад, одамонро ба кору фаъолият меандозад, зиндагиро дар назаргоҳашон пурҷило нишон медиҳад. Китоб хубиҳое дорад, ки мо ҳанўз ҳамаи сифатҳои онро аз бар накардаем. Китоб ганҷинаи тафаккурҳост, махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами донишҳост, он дурри гаронбаҳоест, ки шаъшаъа бар хаёл афзуда, маъниҳои баланди ҳаётию иҷтимоиро ангезиш медиҳад. Вай оинаест, ки мо дар он таърихи ҳаёту зиндагонии худамонро эҳсос менамоем.

Роҳбарияи муассисаи давлатии нашриёти «Адиб» шоир Давлат Сафар гуфт, ки китоб шамъи дили инсон ,роҳбару роҳнамои ў дар зиндагист,ки аз нури ў дар зиндагист, ки аз нури ў метавон неку бад ва наъфу зарарро шинохт. Мо тасмим гирифтем, ки бо раҳнамоии «Корвони китоб» бо фарогирии 220 номгӯй ва 150 000 китоб ба мардуми фарҳангпарвари шаҳри Хуҷанд китобҳои нашриёти хешро бо нархҳои арзон дастрас намоем. Умедворем, ки аз ин имконият ҳамагон бархӯрдор мешаванд ва дар ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии хеш ҳиссагузорӣ хоҳанд намуд.

Сипас, Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд аз растаи фурӯши китобҳо боздид намуда, бо намунаи асарҳои чопшуда ошно гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд