(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ҳамшаҳриёни азиз!

Ҳамасола 8-уми июл дар саросари кишварамон Рўзи маъюбон таҷлил карда мешавад, ки далели эътибори Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати инсонҳоест, ки бо амри тақдир маъюбанд, вале тавассути иродаи матину мустаҳкамашон побанди тақдир нестанд, балки тақдирсозанд, рўҳафтода нестанд ва ҳамеша сарбаланданд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки сокинонаш аз азал инсонпарвару мардумдўстанд ва ҳамдигарро ба накўкорӣ даъват менамоянд, парастории маъюбон ва пирони барҷомонда амали муқаррарист. Ин масъала дар сатҳи давлатӣ ҳалли мусбати худро ёфтааст ва онон бо дастгирии моддию маънавии ҳамаҷониба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаро гирифта шудаанд.

Инчунин, таваҷҷўҳи доимӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба маъюбон, ҷорӣ кардани имтиёз ва аёдати ин қабил ашхос дар рўзҳои иду айём, аз тадбирҳое маҳсуб меёбанд, ки барои дастгирии моддию маънавӣ равона карда шудааст.

Мо ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳем, ки ашхоси ниёзманд, бахусус маъюбон, дарди рўзгорро ҳарчӣ камтар эҳсос кунанд, худро доимо дар паноҳи давлату ҳукумат ва ҷамъият эҳсос намоянд.

Сухани эътимодбахшу рўҳбаландкунандаи Сарвари муаззами давлатамон, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Ман ба кўдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесаробон муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ бесоҳиб намегузорам», бо маънои комилаш ифодаи мақсаду мароми давлату Ҳукумати мамлакат, сиёсати инсонпарваронаи роҳбари дурандеши кишварамон аст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар партави чунин сиёсати инсонгароёна ҳамеша бар онанд, ки шахсони имконияташон маҳдуд дар ҷомеа мақоми худро дошта бошанд ва бар манфиати ҷамъият фаъолона зиндагӣ ба сар баранд.

Ба шахсони имконияташон маҳдуд ва боиродаву сарбаланд умри бардавом, сарсабзию сарфарозӣ ва дастархони шодро таманно намуда, хоҳони онам, ки ҳамеша болидарўҳу шукргузори айёми неки соҳибистиқлолии кишвар бошанд.

Рўзгоратон ободу дилатон шод бод, азизон!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд