(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Муриват Маликшоев, Раиси Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Русия бо номи “Ҳамватан” дар доираи сафари хизматиаш ба вилояти Суғд бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, кормандони кумиҷроия ва сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ мулоқот намуда, Номаи сипос ва туҳфаи Хотиравии Раёсати ҷамъиятро супорид.

Дар навбати худ ба Муриват Маликшоев Номаи сипос ва армуғони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят супорида шуд.

Муриват Маликшоев ҳамчунин аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва аъзои Шӯро оид ба кор бо миллатҳои назди губернатори вилояти Иркутск мебошанд.

Бино ба иттилои ӯ аз байни ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии кишварамон ягона ҲХДТ бо онҳо ҳамкорию муносибати доимӣ дорад. Ҳам бо ташаббуси ҳизб ва ҳам бо даъвати ҷамъият намояндагони ин ҳизби маҳбуб, ки нерӯи бузургу тавоно ва пешбари ҷомеа аст, мунтазам ба вилояти Иркутск ва шаҳру ноҳияҳои он ташриф оварда, дар чорабиниҳои мухталиф иштирок мекунанд, аз ҳолу аҳволи ҳамватанон огоҳ шуда, бо онҳо суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом медиҳанд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

Ташрифи ҳар нафар намояндаи расмӣ аз Тоҷикистон барои тоҷикони вилояти Иркутск падидаи рӯҳбахш ва фаромӯшнашаванда буда, эътимодашонро ба давлату Ҳукумат, ҲХДТ, ояндаи дурахшон ва зиндагии шоиста бештар мегардонад. Ҳамватанон то ҳол вохӯрию мулоқотҳои бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ доштаашонро дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо таассуроти нек ёдовар мешаванд ва интизори дидорбиниҳои минбаъдаанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо ва донишҷӯёне, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, барқарор намудани робитаи доимӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоту муаммоҳои онҳо дар маркази диққати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз ҷумлаи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Мақсад аз таъсис додани Сафоратхонаву консулгариҳои кишвар дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул ва татбиқ гардида истодани “Консепсияи миллии ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015 – 2020” пеш аз ҳама, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнативу аъзои оилаи онҳо ва дар умум ҳамаи ҳамватанони дар Федератсияи Русия қарордоштаи мо, мусоидат ба ҳалли муаммою мушкилоти зиндагӣ ва фаъолияти онҳо аст.

Боиси қайд аст, ки дар ин амали хайр ҷамъиятҳои миллӣ – фарҳангӣ, марказҳои машваратӣ - ҳуқуқӣ ва диаспораҳои тоҷикон ҳам саҳми арзанда доранд ва ҳамасола иқдомҳои шоистаро роҳандозӣ менамоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд