(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мумфаршкунии асосии роҳи кӯчаи Мунзифа Ғаффороваи маҳаллаи "Ваҳдат"-и шаҳр расман ҳусни оғоз бахшида шуд.

Дар маросими ифтитоҳии чорабинии мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бунёди беш аз 6500 иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Роҳбари вилоят гуфт, ки ин амали хайри мумфаршкунии роҳ дар заминаи дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамасола дар гӯшаву канори кишвар амалӣ карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ аз оғози маъракаи мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд як қатор кӯчаҳои шаҳр аз ҷумла Мақсудҷон Танбурӣ, Ҳаким Карим, академикон Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, Саиднофеъ Саидвалиев, Чайковский, Озодӣ, Деҳқон, дохили маҳаллаи маҳаллаи Баҳор, микроноҳияи 12-ум ва ғайраҳо бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ ва соҳибкорони ва ғайраҳо мумфарш карда шуданд.

Итилоъ дода шуд, ки роҳи кӯчаи Мунзифа Ғаффорова, ки аз кӯчаи 30 солагии Ғалаба то корхонаи Алмосро ташкил медиҳад, бо дарозии 0, 65 км бо масоҳати умумии 5210 метри мураббаъ мумфарш карда мешавад. Пудратчии роҳи мазкур корхонаи истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд мебошад.

Бо дуои неки пирони маҳалла ба мумфаршкунии асосии роҳ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки шаҳри Хуҷанди бостонӣ низ дар баробари пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз хурраму зебо ва обод шуда истодааст. Ин ҳар як сокини шаҳри бостонӣ, устодону донишҷӯёни макотиби олии Хуҷанд, хонандагони муассисаҳои таълимиро водор месозад, ки бо ташкили гуруҳҳои ризокорӣ ҳар ҳафтаи шанбею якшанбе ба ободии маҳалли зисту корашон камари ҳиммат баста, ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол намоянд.

Бошандагони пуршарафи маҳаллаҳои шаҳрро лозим аст, ки хонаву дар ва кӯчаю маҳаллаҳои хешро бо тарҳи милливу муосир обод намоянд, то ин ки сайёҳони хориҷӣ аз қадимию фарҳангӣ будани миллати кӯҳанбунёди мо бештар маълумот баранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд